Сержанти баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Далерҷон Неъматуллоев бо ду нафар сарбозони Қисми низомии №5453-и Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД Саъдӣ Мирзошоев ва Насим Шерхонов як зани 33-солаи сокини ноҳияи Варзобро аз худкушӣ наҷот доданд.
Бино ба маълумоти дафтари мтбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 9-уми июли соли ҷорӣ тақрибан соати 01:15-дақиқа, зани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, ки соҳиби се фарзанд мебошад, бо мақсади худкушӣ аз болои пули кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе, воқеъ дар наздикии бозори Султони Кабир худро ба дарёи Душанбе партофта, мехост худро ба ҳалокат расонад.
Гуфта мешавад, корманди милитсия ва сарбозон, ки пайи адои вазифаҳои хизматӣ буданд, бо мушоҳидаи ғарқшавӣ дарҳол занро наҷот додаанд.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2017 дар Тоҷикистон 497 нафар занон даст ба худкушӣ задаанд, ки дар муқоиса бо соли 2016 - 99 ҳолат камтар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.