Дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав рӯзи 23 июл ҷасади духтари 5-солаи як оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт шудааст, ки чанде қабл бедарак шуда буд. Дар ин бора «Московский комсомолец» хабар медиҳад.
Духтари 5-сола рӯзи 22 июл ҳангоми бозӣ назди ҳавлии хонаашон бедарак мешавад. Волидони духтар бо забони русӣ ҳарф намезананд, аз ин рӯ, дар бораи гумшавии кӯдак нахуст бо дархости онҳо ҳамсояҳояшон хабар додаанд. Рӯзи дигар гурӯҳи ихтиёриён ва кормандони пулис бо ёрии саги хизматӣ сумкаи варзиширо бо ҷасади духтар дар дохили он дарёфт мекунанд. Дар ҷасдл осори зӯроварӣ дида нашудааст.
Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар додаанд, ки ба гумони даст доштан дар куштор ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ боздошт шудааст. Тибқи маълумоти нашрия, гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шудааст.
Ҳамсояҳои боздоштшуда изҳор намудаанд, ки моҳи гузашта ду духтар аз он шикоят кардаанд, ки ин мард дар ҷангали наздики хонаашон бо шимҳои фароварда аз қафои онҳо давидааст. Модарони духтарҳо ба пулис муроҷиат намуда, вале онҳо парвандаи ҷиноӣ боз накарда, танҳо гузаронидани суҳбат бо мардро кофӣ донистаанд. Мард гуфтааст, ки ба касе ҳамла накарда, танҳо қазои ҳоҷат кардан мехостааст.
Дар Кумитаи тафтишот зикр кардаанд, ки дар маҳалли дарёфти ҷасади духтар муфаттишон машғули таҳқиқ буда, баргузории ташхиси судиву тиббии ҷасад ва дигар чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ баҳри ба даст овардани далелҳо таъин шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста