Хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат маълумоти расмӣ ба нашр расонид.
“Ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд”, - қайд мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавад, гурӯҳи номбаршуда аввал се корманди муассисаи ислоҳӣ — майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовичро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, аз тавқифгоҳи ҷаримавии муассиса 8 нафар маҳбусони дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони террористиву экстремистии «Давлати исломӣ» буданд, озод карданд ва сипас 5 нафар маҳбусон, аз ҷумла Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидмаҳдихон (Шайх Темур)-ро дар назди дигар маҳбусон бо мақсади тарсонидани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расониданд ва даҳҳо нафар маҳбусони дигарро латукӯб ва захмӣ карданд.
“Сипас аъзои ин гурӯҳ қисми тиббии муассисаро оташ зада, якчанд нафар маҳбусонро гаравгон гирифтанд ва бо мақсади фирор аз муассиса ба кормандони он ҳуҷум карданд”, - омадааст дар хабар.
Дар маълумот қайд мешавад, ки дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд. Шахсони ба гаравгон гирифташуда озод карда шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳодисаи баамаломада аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва тафтишот идома дорад.
Гуфта мешавад, айни замон низоми муқаррарӣ дар муассиса, ки дар он якуним ҳазор нафар маҳбусон адои ҷазо мекунанд, барқарор карда шуда, вазъият зери назорат қарор дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста