Шунавандагони радиои “Азия-Плюс” навори видеоро фиристоданд, ки дар он сӯхтор дар ин бозор дида мешавад.
Тавре аз навори видео бармеояд, рафу дӯконҳои савдои қафои бозор, ки дар он ҷо резинаи чархи автомашинаҳо (покришка) фурӯхта мешавад, аланга гирифта, аз он ҷо дуд мебарояд.
Айни замон даҳҳо гурӯҳҳои оташнишонӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд. Хомӯш кардани сӯхтор алҳол муясаар нашуда истодааст, хабар доданд ба "Азия-Плюс" аз Раёсати оташнишонӣ.
"Майдони фарогирифтаи оташ хеле зиёд аст, дар ҷойи ҳодиса даҳҳо мошинҳои оташнишонӣ машғули коранд, аз дигар ноҳияҳо ҳам гурӯҳҳҳои оташнишонӣ омаданд", - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр шуд, ки намояндагони ВКД, КҲФ ва шаҳрдори пойтахт дар фурсати наздиктарин ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд.
Дар бораи қурбониёну осебдидагон аз ин сӯхтор алҳол маълумот дастрас нест.
Қобили зикр аст, ки "Султони Кабир" бозори фурӯши масолеҳи сохтмон буда, тобистони соли 2018 низ дар ин ҷо сӯхтор ба амал омада буд, ки майдони 1,2 ҳазор метрро фаро гирифта буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста