Субҳи 26-уми январ ҷасади шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз дохили мошине дар яке аз минтақаҳои канории вилояти Волгогради Русия пайдо шудааст. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба манбаъҳои худ хабар дода гуфтааст, онҳо аз бӯйи газ дар дохили мошин ҷон бохтаанд.
“Шаш шаҳрвани Тоҷикистон дар шароити номаълум шабро дар мошини номувофиқ, бидуни ҳавокашак (вентилятсия)-и кофӣ ва дастрасӣ ба ҳаво (оксиген) дар наздикии деҳаи Рахинка саҳар мекунанд. Субҳ онҳо дар ҳолати мурда пайдо шудаанд”.
Тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби марги зодагони Тоҷикистон заҳролудкунӣ аз гази ихроҷшуда тахмин зада мешавад. Ба навиштаи Интерфаксакс, ҳодисаро то ҳол манбаъҳои расмӣ шарҳ надодаанд.
Ҳамчунин то кунун ному насаб ва ҳувияти ин ҷонбохтагон расонаӣ нашудааст.
Бино ба иттилои хабаргузории “РИА Новости” ин шаш нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тахмин зада мешавад дар пайи заҳролудшудавӣ аз гази ихроҷшуда ҷон бохтанд, коргарони хоҷагии кишоварзӣ мебошанд.
Дар ҷойи ҳодиса мақомоти тафтишотӣ санҷишро оғоз кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста