Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми шабонарӯз шаш ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шуд.
Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, 1 март соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километрҳои 42, 43 ва 48-уми роҳи мошингарди Хоруғ - Ишкошим, ки тариқи қаламрави ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим мегузаранд, се тарма фаромадааст.
Инчунин дар километрҳои 7, 8 ва 24-уми ин роҳ, ки ба воситаи деҳаи Пиш мегузарад, низ се ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд.
Гуфта мешавад, айни замон оқибатҳои офати табиӣ бартараф ва роҳҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор карда шудааст.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои аввали моҳи март дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳии тобеи марказ ва дар ғарби ВМКБ ҳодисаҳои фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.