Бар пайи боронбориҳои бегоҳии рӯзи 23-юми апрел дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел омада, чанд манзили сокинон тахриб шуда, беш аз 40 га замин ва теъдоде аз чорвои мардум талаф шудааст.
Сел ҳамчунин чанд муддат ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакентро мутаваққиф сохтааст.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 23-юми апрел, тахминан соати 18:10 дақиқа бар асари боришоти борон дар деҳаҳои Заврон ва Навободи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ сел омад, ки барои муайян ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шудааст.
Мутриб Шоҳназаров, масъули кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Панҷакент ба Азия + гуфт, хисорот то ҳол пурра муайян нашудааст, аммо аз рӯи ҳисоботи пешакӣ, ду сар чорвои сокинон, 6 км роҳҳои байни деҳаҳо, беш аз 40 га заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ талаф дида, ба 22 хона обу лойобаи сел даромадааст.

Шаҳри Панҷакент яке аз шаҳру ноҳияҳои осебпазир дар Тоҷикистон аз ҷиҳати рух додани офатҳои табиӣ буда, ҳамасола дар ин минтақа омадани чандин ҳодисаҳои селу ярч ё ба назар мерасад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста