Тоҷикистон мехоҳад дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Халқии Чин дар ду сол на кам аз як машқи зиддитеррористӣ гузаронад. Дар матни лоиҳаи созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Чин, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр гардидааст, омадааст, ки мақсади размоишҳо таҳким ва рушди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошад.
Инчунин, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангии мақомоти роҳбарикунанда дар идораи воҳидҳои махсуси зиддитеррористӣ, сатҳи ҳамкорӣ байни воҳидҳои махсуси зиддитеррористӣ, инчунин сатҳи тайёрӣ ва малакаи амалии тактикии воҳидҳои махсуси зиддитеррористии Тоҷикистону Чин унвон шудааст.
Ҳамчунин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вазифадор шудааст, созишномаро аз номи ҳукумат бо ҷониби Чин ба имзо расонад ва ба матни он тағйиру иловаҳо ворид кунад.
Гуфта мешавад, ки тамринҳо дар асоси ризоияти якдигар ва бо навбат гузаронида мешавад.
“Тарафҳо на камтар аз як маротиба дар ду сол тамринҳоро баргузор мекунанд. Тарафи ташаббускор на дертар аз шаш моҳ пеш аз оғози тамринҳо тарафи дигарро дар бораи пешниҳоди гузаронидани тамринҳо огоҳ мекунад. Муҳлат, макон, мавзуъ, тартиб ва масъалаҳои дигари баргузории тамрин байни тарафҳо мувофиқа карда мешаванд”, - омадааст дар созишномаи мазкур.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки барои омодагӣ ва гузаронидани размоишҳо мақоми муваққатии идоракунанда таъсис дода мешавад
Дар матни созишнома зикр мешавад, тарафе, ки барои машқҳо меояд, “соҳибихтиёрӣ, қонунгузорӣ ва урфу одатҳои тарафи қабулкунандаро эҳтиром мекунад, ба корҳои дохилии тарафи қабулкунанда дахолат намекунад, дар ҳудуди тарафи қабулкунанда дар фаъолияти сиёсӣ иштирок намекунад”.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки табобати иштирокчиёни размоишҳо аз ҷониби кишвари қабулкунанда ройгон амалӣ карда мешавад.
“Тарафҳо (Тоҷикистону Чин дар назар аст,- муаллиф) хароҷоти марбут ба иҷрои Созишномаи мазкурро мустақилона ба уҳда мегиранд, агар дар ҳар ҳолати мушаххас тартиби дигаре мувофиқа нагардида бошад”, - омадааст дар матни созишнома.
Инчунин гуфта мешавад, ки тарафҳо ҷузъиётро дар бораи муҳлатҳо, маконҳо, миқёс, роҳбарии тамринҳо, воситаҳои ҷалбшуда, тактикаи махсус ва ғайраро то оғози тамрин ифшо намекунанд.
Кишвари мизбон барои афсарону сарбозон ва аслиҳаву таҷҳизот, нақлиёти ҷониби меҳмон шароити даромадан ба кишвар ва ҳаракат дар масири муайяншударо бояд фароҳам биорад.
Баргузории машқҳои муштараки Тоҷикистону Чин дар ҳолест, ки дар гузашта Чин бештар ҳадафҳои иқтисодии худро дар Тоҷикистон амалӣ мекард ва тибқи арқоми расмӣ ҳам ин кишвар яке аз сармоягузорони аслӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, қаблан дар мавриди сохтимони пойгоҳи ҳарбӣ ҳам хабарҳо нашр шуда буд. Аз ҷумла, рӯзи 27-уми октябри соли гузашта парлумони Тоҷикистон созишномаеро тасдиқ кард, ки дар асоси он Чин бо харҷи тақрибан 100 миллион сомонӣ (55 миллион юани чинӣ) дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон пойгоҳи махсус месозад.
Пойгоҳи мазкур бар асоси созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин бунёд мешавад.
“Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни ду давлат Чин барои бунёди пойгоҳи дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар дараи Вахони ноҳияи Ишкошими ВМКБ кӯмаки бебозгашт мекунад. Тибқи ин созишнома тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки ҳангоми бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод мебошад”, - гуфта буд Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи мазкур.
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Толибхон Азимзода дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, пойгоҳ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба Чин сохта мешавад.
“Пойгоҳ аз биноҳои корӣ ва дигар биноҳои маишӣ иборат буда, ба маблағи 55 миллион юани чинӣ, баробар ба тақрибан 100 миллион сомонӣ сохта мешавад”, - гуфт вакили парлумон.
Ҳамчунин, соли 2019 рӯзномаи амрикоии "Вашингтон Пост" навишта буд, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як пойгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеч гоҳ онро расман эътироф накардаанд.
Дар гузориши мукаммали рӯзнома омадааст, "пойгоҳи хоксорона дар наздикии гузаргоҳи Вахон дар Афғонистон ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб аст".
Хабарнигори "Вашингтон Пост" навишта буд, ҳангоми сафараш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ин қароргоҳи низомии Чинро дид ва гурӯҳе аз неруҳои чиниро вохӯрд, ки дар бозори Мурғоб харид мекарданд.
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
В ответ лишь длинные гудки. Как работают номера горячих линий служб по миграции в Таджикистане?
В Фархоре сдали новые дома для 36 семей, пострадавших от весеннего паводка
Какой он, идеальный муж в Таджикистане?
Афиша от «Азия-Плюс»: Вечер киномузыки Болливуда, спектакль «Женитьба» и лекция о путешествиях
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста