Ду тифли як хонадон, ки яке чор ва дуюмӣ ду сол дошт, дар оби канали деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ғарқ шудаанд, хабар медиҳад, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ.

Ин ниҳод гуфтааст, сабаби ғарқшавии кӯдакон беназоратии волидон аст.

КҲФ нагуфтаст, ки ҳодиса кай рух додааст, эҳтимол меравад, он рузҳои наздик рух додааст.

“Ҷасади ин ду тифлро сокинони деҳа пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд”,- гуфтааст ин ниҳод.

Ба навиштаи КҲФ, ҳалокати ноболиғон дар обҳои кишвар ҳодисаи нав нест ва аксаран бар асари беназоратии калонсолон рух медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2023 47 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд. Аз ин теъдод, 26 нафар кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.