Дар шаҳри Бохтар марди 35-солаи гумонбар ба куштани таксирони 28-сола боздошт шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД ддар вилояти Хатлон хабар медиҳад. Ронадаи таксӣ бо истифода аз олоти буранда кушта шуда, ҷинояткор аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
“Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шабона Рустамҷон Расуловро ба сифати гумонбар боздошт карданд. Ӯ зода ва сокини ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён аст”, - гуфта мешавад дар хабари рӯзи 4 феврал нашршуда дар саҳифаи Раёсат дар Facebook.
Гуфта мешавад, айни замон гумонбар дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор дорад. Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, кормандони прокуратураи вилояти Хатлон онро тафтиш мекунанд.
Дар хабари Раёсат аз дигар ҷузъиёти ин ҳодиса хабар дода намешавад.
Қобили зикр аст, ки ахиран ин ҳодисаи дуюми ҳамла ба таксиронҳо дар ҷумҳурӣ аст.
Аллакай 20 рӯз инҷониб мақомоти милитсияи Душанбе мардеро ҷустуҷӯ дорад, ки ронандаи таксиро бо панҷ зарби корд захмӣ карда буд.
Таксирони 23-солаи ширкати “Як Таксӣ” Зиёвиддин Беков рӯзи 15 январ дар маҳаллаи “Яккачинор”-и пойтахт вақте аз мусофир пардохти маблағи роҳкироро талаб кард, мавриди ҳамла қарор гирифт.
Айни замон вазъи солимии Зиёвиддин хеле бад арзёбӣ шуда, барои табобати ӯ маблағи зиёд лозим аст. Аз ин рӯ, оилаи таксирон имкони фурӯши хонаашонро баррасӣ доранд, то ки ӯро муолиҷа кунанд.