Рӯзи 23 апрел бар асари боришоти пуршиддат дар қаламрави маҳаллаи ба номи И.Файзуллоеви шаҳри Исфараи вилояти Суғд сел омад.
Дар натиҷа таҳхонаи 15 манзил ва иншооти ёрирасон қисман зери об монда, 3750 метри кӯчаи маҳалларо қуму лой ва сангпораҳо зер кард.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулода айни замон дар ҷойи ҳодиса ба бартараф намудани оқибатҳои сел машғул аст. Тавре ки аз КҲФ-и ҷумҳурӣ хабар доданд, талафоти ҷонӣ ва харобиҳои зиёд ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти обуҳавошиносон, боришот дар минтақаҳои гуногуни кишвар то охири ҳафта идома меёбад.
Ғайр аз ин, дар робита ба болоравии ҳарорат ва хеле зуд обшавии барф, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.