Сокинони Конибодом, шаҳре дар шимоли Тоҷикистон, ки давоми чанд моҳи охир дар он ҷо дастикам панҷ ҳодисаи куштори пурсарусадо рух дода, қотилон то ҳол ошкору боздошт нашудаанд, ҳамакнун аз гаштугузори нафаре бо ниқоб ва либосҳои сиёҳ ба таҳлука афтодаанд. Ба қавли сокинон, мақомот “ниқобпӯши шубҳанок”-ро ҷустуҷӯ доранд, аммо худи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.
Шахси ниқобпӯш бо либосҳои сиёҳро маротибаи охир дар маҳаллаи Маннонови шаҳри Конибодом, ҳангоме, ки мехост нимашабӣ вориди хонаи сокинон шавад, мушоҳида кардаанд. Ин шахси шубҳанок мехостааст вориди хонаи Меҳрангез Тӯхтасунова шавад ва ин ҳолатро дурбини дар кӯча насбкарда сабт кардааст.
Меҳрангез Тӯхтасунова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳодиса шаби 11-уми июн, ҳангоме, ки дар саҳни ҳавлӣ бо пайвандонаш менишаст, ин нафар кӯшиш кардааст ба хонааш дарояд.
“Соат тахминан 10-и шаб буд. Бо модару бародар ва ҳамсари бародарам дар кати саҳни ҳавлӣ нишаста будем, ки касе худро аз болои девор ба замин партофт. Вақте таваҷҷуҳ кардем, шахсеро дидем, ки либоси сиёҳу ниқоб дошт ва бо зону роҳ гашта, ба сӯйи хонаи мо меомад. Ӯ ҳатто ба мо таваҷҷӯҳ намекард. Вақте ба сӯяш курсиро ҳаво додем, хест ва дидем, ки як нафари қоматбаланд аст. Аз тарс ба кӯча баромадем”, - мегӯяд Меҳрангез.
Ин зан мегӯяд, ба милитсия занг зада, аз ҳодиса хабар додаанд, аммо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз як соат ба ҷойи ҳодиса омада, сабаби дер ҳозир шуданро ба муроҷиатҳои зиёди сокинон рабт додаанд.
Меҳрангез таъкид мекунад, ки аз дидани шахси ниқобпӯш бо либоси сиёҳ сахт тарсидаанд ва тамоми шабро дар ҳавлӣ бедор рӯз кардаанд.
“Тахминан соати 1:30 дақиқа як корманди милитсия ба хонаамон омада гуфт, ки касе ба хонаи шумо ворид нашудааст ва ба назаратон чунин намудааст”, - зикр мекунад Меҳрангез.
Ин зан рутба ва ному насаби он корманди милитсияро дар хотир надорад, аммо мегӯяд, як рӯз баъд аз ин ҳодиса, кормандони милитсия навореро, ки дурбини дар кӯча насбкардаи ҳамсояаш сабт кардааст, гирифта, барои таҳқиқ бурдаанд. Ӯ ҳам ин наворро дидааст ва мегӯяд, дар он мушоҳида мешавад, ки як шахси ниқобпӯш вориди хонаи онҳо мешавад ва нафари дуюм дар кӯча интизор меистад.
Як рӯз пеш аз ин, ба нақли Меҳрангез, ду шахси сиёҳпӯши ниқобдор кӯшиш ворид шудан ба хонаи ҳамсояашро кардаанд, аммо баъди он ки соҳиби хона фарёд мезанад, ки “ба милитсия хабар деҳ”, ҳарду фирор намудаанд.
Бояд гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам наворе дар гардиш аст, ки дар он кӯшиши ба хонаи сокинон ворид шудани шахси ниқобдор ва бо либосҳои сиёҳ дида мешавад.
Ин ҳодисаҳо сокинони ин маҳаллаи Конибодомро ба таҳлука андохтааст. Ҳоло аксари онҳо досу тешаву панҷшох ва каланду белро бо худ гирифта, дар ҳолати омодабош нигоҳ медоранд, то аз худ ҳимоят кунанд.
Ҳамчунин, мардони маҳаллаи Маннонов ситод ташкил карда, навбатдорӣ менамоянд, нафарони шубҳанок ба маҳаллаи онҳо ворид нашаванд.
Дар ҳамин ҳол, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳол ҳодисаро расман шарҳ надодаанд. Кӯшишҳои “Asia-Plus” ҳам барои дастрас кардани шарҳи ҳодиса аз шӯъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом ва раёсати ВКД дар вилояти Суғд бенатиҷа анҷом ёфт.
Рӯзи 12-уми июн, вақте ба шӯъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом муроҷиат кардем, навбатдор бидуни муаррифии худ гуфт, ки сардор, муовин ва ҳама шахсони масъул ба ҷойи ҳодиса рафтаанд. Ӯ хост рақамҳои телефонамонро гузорем, дертар хабар медиҳад, аммо бо гузашти се рӯз касе иттилоъ пешниҳод накард. Ба зангҳои такрории мо ҳам касе посух надод.
Дар раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҳам касе ҳозир нашуд ҳодисаро шарҳ диҳад ва ба зангҳои пайдарпайи мо ҳеҷ як масъул посух надод.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи марти соли ҷорӣ то ба имрӯз дар шаҳри Конибодом панҷ ҳодисаи куштори чанд узви оила рух додааст. Мақомот ҳодисаи кушторро тасдиқ мекунанд, аммо тафсилоти бештар намедиҳанд. Маълум нест, ки ин кори дасти кист ва оё бо гузашти чанд моҳ, касе дастгир шудааст ё не. Ин ҳама кушторҳои пурсарусадо ва мушоҳида шудани шахсони ниқобпӯшу шубҳанок ва болои ин, адами шарҳи расмӣ аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокинони ин шаҳрро дар ҳоли тарсу қарос қарор додааст.