Дар натиҷаи боронҳои сахти рӯзҳои 6-ум ва 7-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд сел омада, роҳҳо ва хонаҳои чандин нафарро вайрон кардааст.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода, гуфтааст, ки ин бронҳо боиси ташвишу изтироби сокинон шуд ва ҷо-ҷое харобиҳо ҳам ба бор овард. Аммо гуфта мешавад, дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, 6-уми ноябр соати 14:30 дақиқа дар километрҳои 100 ва 108-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ сел сабабгори муваққатан баста шудани роҳ шудааст. Танҳо баъди тоза кардани он соати 18:31 дақиқа роҳ барои ҳама намуди воситаи нақлиётҳо боз гардидааст.

Ширкати IRS ҳам рӯзи 6-уми ноябр аз омадани сел дар километрҳои 100 – 108-уми масири Душанбе-Чаноқ (ҳудуди ноҳияи Айнӣ) хабар дода,  навишта буд, ки зарари офати табиӣ дар ин минтақа чашмрас аст ва баъзе қитъаҳои роҳ пурра вайрон шудаанд.

Ҳамчунин, тибқи иттилоъи КҲФ, дар ҳамин рӯз соати 22:20 дақиқа дар деҳаи Миразиёни ҷамоати Қалъаи Лабиоби ноҳияи Тоҷикобод баъди бориши борони зиёд  сел омада, ба  4 хонаи истиқоматӣ ва 5 оғилхона ворид гардидааст.

“Дар ин ҳодиса 2 пули мошингузари байни деҳа ва масофаи тақрибан 80 метр роҳи мошингузаро қисман зарар дид. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда аҳолии деҳаи Миразиёнро ба ҷойҳои бехавф кӯчонидид”, - мегӯчд КҲФ.

Дар натиҷаи борони дурӯза санаи 7-уми ноябр соати 02:20 дақиқа дар километрҳои 1, 3, 37  ва 40-уми шоҳроҳи Лабиҷар маркази ноҳияи Сангвор ҳам аз селроҳа сел омада, боиси баста шудани роҳ шудааст. 

“Ҳамчунин дар километри 37-уми шоҳроҳи Лабиҷар маркази ноҳияи Сангвор як адад автомашинаи сабукрави тамғаи “Opel” -ро сел аз канори роҳ тақрибан ба масофаи 15 метр аз роҳ берун бароварда, дар соҳили дарёчаи Рубоднол партоб кард. Хидматчиёни ҳарбии бахши Кумита дар ноҳияи Сангвор якҷо бо аҳолӣ ронанда ва 4 нафар мусофири мошинро наҷот доданд”, - омадааст дар хабари КҲф.

КҲФ гуфтааст, ки гурӯҳҳои корияшро ба минтақаҳои селзада дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Сангвор фиристодааст ва онҳо ҳоло паёмадҳои селро бартараф карда истодаанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз рӯзи 4-уми ноябр Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар аз сард шудани ҳаво дар рӯзҳои 6-ум ва 7-уми ноябр хабар дода, гуфта буд, ки эҳтимол боронҳои пуршиддат борад.

Дар робита ба ин огоҳӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз шаҳрвандон хоста буд, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ мерӯянд, худдорӣ кунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.