Танҳо дар ду ҳафтаи охир дар шаҳри Конибодом 10 нафарро аз се оила ба қатл расониданд. Ҳатто ба кӯдакон раҳм накарданд. Ҳодисаи якум, шаби 8-уми декабр дар деҳаи Шӯробқалъа рух дод, ки шахсони номаълум 6 узви як оила, аз ҷумла 4 кӯдакро куштанд. Ҳодисаи дуввум, баъди як ҳафта, шаби 15-уми декабр рух дод, ки ин бор ашхоси ношинос 4 сокини деҳаи Ҳисоракро ба қатл расониданд.
Мақомоти қудратӣ ҳодисаҳоро шарҳ намедиҳанд. Ин сабаб шудааст, ки сокинони маҳаллӣ ба таҳлука афтода, дар тарсу ҳарос зиндагӣ доранд. Хабаринигори “Азия-Плюс” рӯзи 17-уми декабр барои дарёфти иттилои бештар дар робита ба қатли 4 нафар ба деҳаи Ҳисораки шаҳри Конибодом рафт.
Дарвозаҳои муҳрзада, кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон
Вақте ба деҳаи Ҳисорак рафтем, кӯчаҳо, ки солҳои пеш пур аз одам буд, камодам ва дар баъзе кӯчаҳо тамоман одам ба чашм намхӯрад. Фазои деҳа ғамолуд ва тарсолуда буд. Ханда аз лабони сокинони деҳа дур шуда, баръало эҳсос мешуд, ки ҳисси нороҳаткунандае оромию лабханди сокинонро бурдааст.
Сокинони маҳаллӣ бо ашхоси бегона суҳбат намекунанд. Онҳо на танҳо аз кушторҳои пайдарпай ҳарос доранд, ҳамчунин, баъди суҳбат бо журналистон аз фишори мақомот ҳам бим доранд. Зеро ба ҳар нафаре, ки суроғаи оилаи кушташудаҳоро мепуресидем, “намедонам” мегуфтанд.
Куштори моҳи декабр сабаб шудааст, ки бархе сокинони деҳа хонаҳои худро барои муваққатан тарк карда, ба хонаву ҷои наздиконашон ба дигар ноҳияву шаҳр рафтаанд ва ё гурӯҳ-гурӯҳ гулхан карда навбатдорӣ мекунанд.
Дарвозаи ду хонаводаи кушташударо муҳрзада дарёфтем. Дар кӯчаҳо ба истиснои кормандони мақомоти қудратӣ тақрибан касе набуд.
Тавсияи мақомот ба сокинон: Муваққатан ба хонаи наздикон кӯч бандед
Манзили Ғайбулло Маҷидов ва ҳамсараш Зарнигор Маҷидова, ки шаби 15- уми декабр аз сӯи шахсони ношинос кушта шуданд, дар охири кӯча аст. Он аз як сохтмони дуошёна иборат аст ва зоҳиран чанд сол пеш сохта шуда, ҳоло пурра таъмир нашудааст.
Зарифа Мақсудова, ҳамсояи ин хонавода дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, Зарнигор Маҷидова баъди куштори 6 нафар дар деҳаи Шӯробқалъаи шаҳр сахт нигарон буд ва пайваста ба ҳамсояҳо мегуфт, ки “телефонҳоятонро бо худ гиред, мабодо ин рӯз ба сари мо ҳам биёяд, ба шумо занг мезанем”
Ӯ аз Зарнигор Маҷидова як зани хубу покдоман тавсиф кард ва гуфт, бо ҳамсояҳо муносибати хуби ҳамсоядорӣ дошт.
“Зану шавҳари беозор ва меҳнатӣ буданд. Ба касе бадӣ надоштанд. Зан хонашин буду шавҳараш мағозаи масолеҳи сохтмонӣ дошт. Имсол баъди зиёд шудани ҳодисаҳои куштор Ғайбулло зану фарзандонашро танҳо монда, ба муҳоҷират нарафт”-нақл кард Зарифа Мақсудова.
Ин зан, ки зоҳиран баъди қатли ҳамсояҳояш ба таҳлука афтода буд, гуфт, пас аз кушторҳои пайдарпай аз тарс ҳатто хоб надорад ва намедонад чӣ кор кунад.
“Ду фарзанду ду набера дорам, на танҳо аз худам, ҳамчунин аз аҳли оилаам ва тамоми мардуми шаҳр хавотирам”-зикр кард ӯ.
Ин зан нақл кард, ки шаби ҳодиса ҳаво шамолу туфонӣ буд ва “шояд ин ҳаво барои ҷинояткорон мусоид буд”.
Зарифа Мақсудова гуфт, баъди қатли ҳамояҳояш кормандони мақомот ба онҳо тавсия доданд, ки то ёфт шудани ҷинояткорон ба ҷойи амнтар, масалан, хонаи ягон хешу табор кӯч банданд.
Нақли шоҳиди ҳодиса. “Ду шахси ниқобпӯш буданд”
Шабе, ки зану шавҳарро куштанд, се кӯдаки онҳо аз дасти қотилон эмин монданд. Чӣ гуна маълум нест. Ҳоло онҳоро кормандони мақомоти қудратӣ бо худ бурдаанд.
Ба қавли ҳамсояҳо, Гулнигори 7-сола ягона шоҳиди куштори волидайнаш будааст. Ӯро ҳам мехостанд ҳамроҳи додари 4-сола ва хоҳари 1,5 солааш он шаб бо роҳи буғӣ кардан кушанд. Баъди буғӣ кардан ӯ аз ҳуш рафт ва қотилон фикр кардаанд, ки мурдааст.
Субҳ баъди ба ҳуш омадан Гулнигор ба ҳамсояҳо занг зада мегӯяд, ки “биёед модараму падарамро кушта рафтанд”.
Гулнигори 7-сола ба ҳамсояҳо нақл кардааст, ки “дастони падарашро баста кашолакунон аз дар берун бароварданд. Модараш зораю гиря мекунад, ки пулу тиллоҳоямро гиред, аммо илтимос 3 фарзандамро накушед”
Аз рӯйи нақли Гулнигор, “ду нафар бо ниқоби сиёҳ баъди он ки тиллоҳоро гирифтанд, аввал модараш ва баъд падарашро куштаанд”
Ҳоло тақдири се фарзанди ятиммондаи Маҷидовҳо маълум нест.
Пайвандони дар интизори ҷасадҳо
Дар хонаи падарии Ғайбулло Маҷидов, ки 3 километр дуртар аз хонаи ӯ ҷойгир аст, наздикони пайвандони зиёде барои маросими дафни зану шавҳари кушташуда омодагӣ медиданд. Тамоми пайвандон аз ин ҳодиса ҳайратзада ва мотамзада буданд.
Танҳо Насиба Туранова, холаи Ғайбулло Маҷидов, ки омӯзгор аст, розӣ шуд, ки бо мо суҳбат кунад.
Ӯ гуфт, ки баъди хабари марги писару келинаш Дилфуза Маҷидова, модари Ғайбулло “зуд-зуд аз ҳуш рафта истодааст ва қуввати суҳбат бо ҳеҷ кас, махсусан журналистонро надорад”.
Ҳоло ҷасадҳоро дар шаҳри Хуҷанд барои муоинаи тиббӣ бурдаанд, маълум нест ҷасадҳо кай ба зодгоҳашон оварда ва ба хок супурда мешавад.
Қатли модари қаҳрамон ва мулоқоти раиси Конибодом бо аҳолӣ
Хонаи кушташудаҳои дигари шаби 15-уми декабр - Оиша Шукуроваи 70 сола ва писараш Ҷавлон Шукурови 44- сола дар ҳамсоягии хонаи Маҷидовҳо ҷойгир аст. Дарвози ин хонадон ҳам муҳр зада шудааст ва дар назди хона танҳо кормандони мақомоти қудратӣ ба чашм мерасанду халос.
Ба хонаи писари сеюми Оиша Шукрова, ки дар чандметрии ин хона ҷойгир аст, рафтем. Дарҳо баста ва танҳо як саг “дарвозабон” буд. Аз рӯйи нақли ҳамсоягон, мард ҷасади модару бародарашро ҳамроҳӣ карда, ба шаҳри Хуҷанд рафтааст ва интизори қабули ҷасадҳо барои дафн аст.
Кӯчае, ки ин ду куштор дар он рух дод, ба номи писари зани кушташуда Ҷасурбек Шукуров, ки дар як амалиёти ҳарбӣ кушта шуд, гузошта шудааст ва як нимпайкара ҳам дар сари кӯча ба ифтихори ӯ гузоштаанд.
Вақте ба назди нимпайкара рафтем, даҳҳо сокини деҳа ҷамъ омада буданд. Баъзе занҳо кӯдакони майдаи худро, ки аз ғояти сардӣ ва шамоли шадид ба гиря даромада буданд, бо худ овардаанд.
Маълум шуд, ки раиси шаҳри Конибодои ба деҳа меояд ва бо сокинони деҳа дар робита ба кушторҳои охир мулоқот мекунад.
Баъди беш аз як соати интизорӣ раиси шаҳр омад. Ӯ аввал ба хонаи кушташудаҳо рафт ва баъдан ба назди ҷамъомадагон расид. Маълум нест, ки ӯ бо сокинон дар чӣ бора суҳбат кард. Чунки мақомоти маҳаллӣ ва кормандони мақомоти қудратӣ, ки раиси шаҳрро ҳамроҳӣ мекарданд, мо-журналистонро нагузоштанд, ки дар мулоқот ширкат кунем ва ё ҳаддиқал акс бигирем.
Зимнан, як рӯз пас аз ин кушторҳо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом рафта, дар суҳбат бо сокинони маҳаллӣ аз онҳо даъват кардааст, ки ба таҳлука наафтаанд, зеро тафтиши ин ҳодисаҳо “таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат” аст.
Шубҳа аз ҳабси “қотилон” ва посбонӣ дар гирду гулхан
Сокинони деҳаи Ҳисорак, махсусан наздикони кушташудаҳо намехоҳанд бо рӯзноманигорон суҳбат кунанд. Онҳо ошкоро гуфтанд, ки “шумо фикри моро мегиреду меравед, аммо ин ҷо моро мақомот пурсуҷӯ карда, азоб медиҳанд”.
Зимнан, сокинони шаҳри Конибодом дар робита ба ҳабси ду нафар, ки дар пайванд ба кушторҳои қаблӣ дар ин шаҳр ҳабс шуданд, шак доранд ва савол мегузоранд, ки “агар онҳо қотил бошанду ба ҳабс гирифта шуданд, чаро куштори оилаҳо идома дорад?”
“Агар қотилони аслӣ саривақт ёфт мешуданд, саҳнаҳои хунин дар шаҳр идома намеёфт ва дар ду ҳафта 10 одам мисли гӯсфанд кушта намешуданд”, - гуфт яке аз сокинони шаҳр, ки номашро нагуфт.
Ҳафтаи гузашта, додгоҳҳои Тоҷикистон ду касро барои даст доштан дар қатлҳои мармузи Конибодом ба ҳабс маҳкум кард. Марат Сатторов ба ҳабси абад ва Шарифҷон Шакӯров ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
Ҳоло мардуми шаҳр дар вазъияте ҳастанд, ки дар хонаи худ наметавонанд хоби ором дошта бошанд. Дар ин сардии ҳаво мардуми маҳаллаҳои шаҳр ситод ташкил карда гурӯҳ-гурӯҳ навбатдорӣ мекунанд. Баъзе аз сокинон гулхан гиронда, дар гирди оташ шабро рӯз мекунанд. Тобистони соли равон, баъди ҳодисаи Санҷидзор, ки дар он ҳам чандин нафарро куштанд, ҳам айнан чунин корро карда буданд.
Кушторҳои пурасрор дар Конибодом, ки мардумро дар ҳарос нигоҳ доштааст
Ёдовар мешавем, ки давоми сол дар шаҳри Конибодом дастикам 7 куштори хонаводагӣ рух дод ва дастикам 20 нафар ба таври мармуз кушта шуданд.
Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро дар аввал шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд ва наворҳо аз гаштугузори онҳо низ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.
Он замон низ дар рӯзҳои аввал мақомот ҳодисаи куштори оилаҳоро шарҳ намедоданд.
Танҳо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо гузашти беш аз 6 моҳ кушторҳои пайдарпайи пурсарусадо ва гаштугузори шахсони ниқобпӯш дар шаҳри Конибодомро шарҳ дод ва гуфт, “ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқаррарӣ аст”.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ВКД 8-уми августи соли 2024, гуфт, дар Конибодом дар маҷмӯъ, 4 куштори оилавӣ сурат гирифтааст, ки 2 ҳолаташ ба муноқишаи оилавӣ рабт дорад ва гумонбарони он дастгир гардида, “парвандаи ҷиноятӣ дар марҳалаи ба додгоҳ ирсол кардан аст”.
Вале нагуфт, ки дар пайи ин кушторҳо дар маҷмуъ чанд нафар кушта шуданд ва чанд нафар дар маҷмуъ боздошт гардидааст. Танҳо чанд рӯз пеш дар пайванд ба ин кушторҳо як нафар ба ҳабси абад маҳкум ва як нафари дигар 20 сол равонаи зиндон шуданд.
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Правоохранители Таджикистана задержали подозреваемых в массовых убийствах в Канибадаме
В Магдебурге автомобиль въехал в толпу людей на рождественской ярмарке
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Ужасы маленького городка, зима не в радость и мигрантские дискуссии
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 21 декабря 2024 года
Традиции, мода и финансовые проблемы: почему в Таджикистане становятся вторыми женами и берут вторых жен?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста