Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, ки "ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом кушода шуда", дар робита ба ин ҳодиса чанд нафар ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд.
Ин ниҳод гуфт, дар робита ба кушторҳо алайҳи
- Худойбердиев Солехҷон Набиевичи 26-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;
- Тухтаев Аҳадҷон Насибҷоновичи 27-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;
- Равшанов Бахтиёри 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом;
- Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоеви шаҳри Конибодом.
парванда боз шуда, ҳамаи онҳо дастгир шудаанд.
“Фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад”, -гуфтааст Додситонии кулли кишвар.
Назари боздоштшудаҳо ва наздикону пайвандони онҳо дар робита ба ин қазия маълум нест.
Дар хабари додситонӣ гуфта нашудааст, ки онҳо чӣ гуна дастгир шуданд ва ҳадафи кушторҳо чӣ аст. Ҳамчунин, ин ниҳод нагуфтааст, ки алайҳи боздоштшудаҳо бо кадом моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Қаблан, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки дар робита ба кушторҳои пайдарпай дар Конибодом 2 нафар боздошт ва бо қарори додгоҳҳои кишвар яке ба ҳабси абад маҳкум ва дигаре 20 сол равонаи зиндон шуда буданд.
Кушторҳои пурасрор дар Конибодом, ки мардумро дар ҳарос нигоҳ доштааст
Аз моҳи марти имсол то ҳол дастикам дар бораи куштори 7 узви оила, тақрибан 20 нафар хабарҳо нашр шуда буд. Ҳодисаи охир рӯзи 16-умии декабр расонаӣ шуд, ки шахсони номаълум дар деҳаи Ҳисорак (Қурғончаи собиқ) 4 нафар, ду зану ду мардро ба қатл расонидаанд.
Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро дар аввал шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд ва наворҳо аз гаштугузори онҳо низ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.
Он замон низ дар рӯзҳои аввал мақомот ҳодисаи куштори оилаҳоро шарҳ намедоданд.
Танҳо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо гузашти беш аз 6 моҳ кушторҳои пайдарпайи пурсарусадо ва гаштугузори шахсони ниқобпӯш дар шаҳри Конибодомро шарҳ дод ва гуфт, “ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқаррарӣ аст”.
Вале нагуфт, ки дар пайи ин кушторҳо дар маҷмуъ чанд нафар кушта шуданд ва чанд нафар дар маҷмуъ боздошт гардидааст.
Как советский "мусульманский" батальон в 1979 году свергал афганского президента Амина
Где она, самая высокая новогодняя ёлка в СНГ?
Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Ильхаму Алиеву
Пять причин посетить Узбекистан зимой
«Главное – внимание, но и IPhone16 – тоже хорошо». Что хотят получить на Новый год жители Душанбе?
Новый тренд у таджикских подростков – фотографироваться с ножами. Откуда он появился?
В Душанбе задержали подростка, подозреваемого в нанесения ножевого ранения другому юноше
Пассажирский самолет Azerbaijan Airlines потерпел крушение в Актау
Таджикистан отстает от других стран Евразии по взаимному инвестированию
Трое из четверых – бывшие заключенные. «Азия-Плюс» поговорила с родственниками подозреваемых в убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста