Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) чанд ҳодисаи табиӣ, аз ҷумла, омадани сел, сангреза ва шамоли сахт сабт шудааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, субҳи 21-уми апрел дар ҳудуди деҳаҳои Оташак то Зелолаки ноҳияи Ванҷ санреза рух додааст. Дар пайи ин ҳодиса роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ чанд соат баста шуда, баъди тоза кардан оқибатҳои сангреза дигарбора боз шудааст.
КҲФ гуфтааст, ки рӯзи гузашта дар наздикии деҳаи Хиҷези ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон сел омада, роҳи мошингарди Рӯшон-Водии Бартангро бастааст. Мақомот гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир бартараф кардани оқибатҳои ин ҳодиса идома дорад. Вале маълум нест, ки роҳи мазкур кай боз мегардад.
КҲФ дар идома хабар додааст, ки шоми рӯзи гузашта дар пайи шамоли сахт шифти хонаи як сокини деҳаи Делохи ноҳияи Ишкошим канда шудааст. Аз ҷониби мақомоти ин ноҳия зарари шамол муайян мешавад, гуфтааст КҲФ.
Ба қавли мақомот дар пайи ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.
Охири ҳафтаи гузашта дар кишвар ҳаво сарда шуда, дар аксари минтақаҳо борони шадид борид. Дар пайи ин КҲФ ҳушдор дод, ки хатари омадани сел то имрӯз, 22-юми апрел боқӣ мемонад ва аз аҳолӣ хост, ки ин рӯзҳо аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, чорвочаронӣ ва чидани гиёҳҳои доруӣ худдорӣ кунанд.
Ин ниҳод аз волидайн талаб кард, ки фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва иҷозат надиҳанд, ки дар рӯзҳои сербориш дар назди селроҳаҳо бошанд.
Ҳамчунин, Кумита аз ронандагон хостааст, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор кунанд ва суръатро боло набурда, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. боэҳтиёт бошанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста