Дар пайи садамае, ки шаби 4-уми июл дар шаҳри Истаравшан рух додааст, чаҳор аъзои як оила ҷон бохтаанд.
Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Истаравшан ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бар асари ин садама як зани 51-сола бо се писараш, ки 18, 25 ва 30-сола буданд, ҷон бохтанд.
“Оилаи Тӯрабоевҳо аз маҳаллаи Гулистони шаҳри Истаравшан дар ду мошини сабукрав ба тамошои кӯҳҳои ноҳияи Шаҳристон мераванд. Дар як мошин модари 51-сола бо се писараш - Ҷавлон, Ҷасур ва Ҷовид Тудибоевҳо ва дар мошини дигар падари хонадон бо келину набераҳояш нишаста будаанд. Вақти бозгашт мошине, ки модари бо писаронаш нишаста буд, ба садама дуҷор мешавад ва чаҳор нафар вафот мекунанд”, - гуфт ин манбаъ.
Алишер Ҷумъазода, як корманди Шуъбаи БДА дар ноҳияи Шаҳристон хабари садама ва дар пайи он, марги чаҳор узви як оиларо тасдиқ карда, илова намуд, ки он дар километри 205-уми шоҳрони Душанбе – Чаноқ рух додааст. Ӯ гуфт, садамаро Шуъбаи БДА дар ноҳияи Шаҳристон сабт карда, барои таҳқиқи ба муфаттишони шаҳри Истаравшан ирсол кардааст.
“Пас аз таҳқиқ ва хулосаи экспертиза, сабаби садама муайян карда мешавад”,-гуфт Ҷумъазода.
Ба иттилои манбаъ дар ҳукумати шаҳри Истаравшан, ҷасади фавтидагонро рӯзи 5-уми июл дар зодгоҳашон маҳаллаи Гулистон ба хок супурдаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ин дуюмин садамаи пурқурбонӣ дар як ҳафтаи охир дар вилояти Суғд аст. Рӯзи 28-уми июни соли равон як садамае дар роҳи Хуҷанд–Мастчоҳ 7 тан ҷон бохта, 3 тани дигар захмӣ шуда буданд.
Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар пайи 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ 552 нафар (соли 2023 -1 ҳазору 111 садама – 519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомот мегӯянд, суръати баланд, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, омилҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ мебошад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста