Пулиси Душанбе ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғонро дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар пайи он як наврас кушта ва як тани дигар маҷруҳ шудааст, шарҳ дод. Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 9-уми ноябр дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷанҷолро ду нафар - Н. Раҳматшозода ва А. Раҷабов ташкил кардаанд. Дар пайи ин муноқиша, Н. Раҳматшозода “бо корд” ба бадани А. Раҷабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Ҳамчунин, дар ин муноқиша як ноболиғи дигар бо номи Ш. Шарифов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Мақомот дар пайи ин ҳодиса Н. Раҳматшозодаро боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми одамкушӣ (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Маълум нест, ки гумонбар ноболиғ аст ё болиғ. Бар асоси иттиҳоме, ки алайҳи Н. Раҳматшозод эълон шудааст, ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мешавад.

Назари ҷонибҳо ё пайвандони онҳо дар робита ба ин қазия маълум нест.
Мақомот гуфтаанд, нисбати дигар ширкатдорони ин муноқиша ва сабабу омилҳои сар задани он тафтишот идома дорад. Вале маълум нест, ки чанд нафар дар робита ба ин қазия боздошт шудаанд. Дар ду аксе, ки пулиси Душанбе нашр кард, 15 нафар дида мешавад.
Навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, баҳси зиёдро барангехт.
Қаблан низ занозанӣ ва кордкашӣ миёни наврасон, ки аксаран аз баҳс дар шабкаҳои иҷтимоӣ оғоз мешавад, рух дода буд, ки дар он гоҳе наврасон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекарданд. Қаблан, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январ як ноболиғро барои занозанӣ ва қатли ҳамсолаш ба 11 сол зиндон маҳкум карда буд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста