Дар пайи 985 ҳодисаи сӯхтор дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон, 17 нафар ҷони худро аз даст дода, ба амволи давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон 23 миллиону 360 ҳазор сомонӣ зарар расидааст. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” дар такя ба Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳодисаҳои оташсӯзӣ имсол дар кишвар афзоиш ёфта, назар ба 9 моҳи соли гузашта 132 ҳолати сӯхтор бештар ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин, манбаъ илова кардааст, ки дар нуҳ моҳи соли равон кормандони оташнишонӣ ба маблағи 684 миллиону 677 ҳазор сомонӣ молу мулки мардумро аз сӯхтор наҷот додаанд.
“Ховар” бо такя ба мутахассисон навиштааст, ки “аксар ҳодисаҳои сӯхтор маҳз аз бемасъулиятӣ, беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои оддӣ ба амал меоянд”.
Ҳамасола садҳо ҳодисаи сӯхтор дар бинову иншооти давлативу хусусӣ, бозорҳо ва марказҳои хидматрасониву савдо рух медиҳад, ки молу мулки давлативу хусусиро ба коми худ мекашад. Аҳёнан дар пайи ин оташигирҳо шаҳрвандони ҳам ҷон медиҳанд.
Аз ҷумла, шаби 12 ба 13- уми дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент, ки бо номи “Латтабозор” низ машҳур аст, сар зад, ки дар пайи он 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи ҳамшафати бозор сӯхтанд. Ҳарчанд тибқи хабари мақомот, қисме аз молу колои бозор ба маблағи 27 миллион сомонӣ наҷот дода шудааст. Аммо дар наворҳои баъди сӯхтор нашршуда мушоҳида мешавад, ки бозор қариб пурра сӯхтааст.
Мақомот аксаран сабаби сӯхторҳоро риоя нашудани коидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ё расиши ноқилҳо мегӯянд. Соҳибкорони аз сӯхтор зарардида шикоят карда буданд, ки дар пайи чунин сӯхторҳо молу колои онҳо ба коми оташ меравад, вале баъдан касе ба онҳо ҷуброн намекунад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста