Собиқ сардори Раёсати умури дини вилояти Хатлон Бобохон Шарбатов бо қарори додгоҳ ба маблағи 44 ҳазору 560 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.
Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Шарбатовро мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 247 (Қаллобӣ) ва 320 (Додани пора) гунаҳкор донист. Пас аз содир шудани ҳукм Шарбатов аз толори додгоҳ озод карда шуд.
Раисикунандаи мурофиа додрас Темур Боев зикр кард, ки дар ҷараёни баррасии ин қазия гуноҳи маҳкумшуда пурра исботи худро ёфтааст, вале бо назардошти тавсифномаи мусбати Шарбатов, иштирокчии рафъи оқибатҳои садамаи Чернобил буданаш ва дар тарбияи ӯ қарор доштани 4 кӯдаки ноболиғу ягона таъминкунандаи рӯзгори оилаи худ будани ӯ, қарор шудааст нисбати Шарбатов чораи ҷазои зиндонӣ шудан истифода нагардад.
Додгоҳ дархости адвокат дар бораи он ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ худашон ӯро ба пешниҳоди пора дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари ИМА водор сохтаанд, рад кард.
Маблағи умумии ҷаримаи аз ҷониби додгоҳ таъиншуда 45,5 ҳазор сомониро ташкил дод, вале бо назардошти муддати 55 рӯз дар боздоштгоҳ қарор доштани Шарбатов, маблағи ҷарима то 44 ҳазору 560 сомонӣ кам гардид.
Додгоҳ оид ба мусодираи амволи маҳкумшуда низ қарор қабул карда, ба ӯ дар муддати 5 сол ишғоли вазифаи роҳбарӣ дар мақомоти давлатиро манъ сохт.
Искандар Куганов, адвокати Б.Шарбатов пас аз содир шудани ҳукм изҳор кард, ки зерҳимояи ӯ аз ҳукми додгоҳ қаноатманд буда, аз боли он шикоят бурданӣ нест.
Ёдрас мекунем, ки сардори шӯъбаи умури дини вилояти Хатлон Бобохон Шарбатов аввали моҳи октябр ба гумони даст доштан дар порадиҳиву қаллобӣ боздошт шуд. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, Раёсати Кумитаи амнияти миллии вилоят дар ин шӯъба санҷиш доир сохта, як қатор камбудиҳоро ошкор сохтааст. Шарбатов кӯшиш карда буд, ки ба кормандони ин раёсат пора диҳад, то аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардад.
Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, Шарбатов аз зоирин барои адои маросими ҳаҷ пардохти иловагӣ ба маблағи 22 ҳазор сомониву 226 сомониро талаб мекардааст. Тамоми маблағи мазкур дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ баргардонида шуд.
Соли равон барои вилояти Хатлон 1 ҳазору 673 квота барои адо намудани маросими ҳаҷ ҷудо гардида буд.
Акс аз радиои «Озодӣ».
Дом дехканина, цирк и кинотеатр «Большой»: 10 зданий, с которых начался Душанбе
В России «Талибан» исключили из списка террористов
Афиша от «Азия-Плюс»: Coffee Morning Club, поход к «Эшон-Бобо» и концерт Франсуа Шаплена
Власти Таджикистана усилят надзор за энергетическим сектором
Радио «Озоди»: Власти Таджикистана приступили к конфискации имущества фигурантов дела о госперевороте
Франция втрое увеличит квоты для таджикских студентов
Таджикистан в «Царстве резного дерева»
Таджикистан подчеркивает важность системного сотрудничества медиасообществ в Центральной Азии
В Узбекистане хотят вовлечь в массовый спорт 15 миллионов человек
МИД РФ прокомментировал жесткое задержание граждан Кыргызстана в московской бане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста