Суди олии Тоҷикистон имрӯз нисбати аъзои гурӯҳи Алимурод Маханов ҳукм содир намуд, ки онҳо ба амалҳои террористӣ гунаҳкор эътироф гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Суди олӣ хабар дод, роҳбари гурӯҳ Алимруод Маханов ба 21 соли зиндон маҳкум карда шудааст. «Дигар аъзои гурӯҳ – Амиралӣ Давлатов ба 19, Кенҷа Абдулҳақов ба 15, Сироҷ Қараев ба 11 ва Сорбон Комилов ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардиданд», - зикр кард манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки Алимурод Маханов, пешвои эҳтимолии террористон ҳамроҳи аъзои гурӯҳ ахири моҳи сентябри соли 2013 аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шуд. Алимурод Маханов, тавассути барномаи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гуфта буд, мехостанд чаҳор дарвозаи Душанбе, бинои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллиро дар арафаи интихоботи президенти моҳи ноябри соли гузашта битарконанд.
Дар ин барнома худи Маханов гуфта буд, ки аз соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафареро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст. Ӯ гуфта буд: «Ман бачаҳоро барои омӯзиш ба Вазиристони Покистон равон мекардам, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доранд».




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста