Сардухтури Маркази бемориҳои рӯҳии виляоти Суғд ҳангоми порагирӣ бо далели шайъӣ боздошт шуд.
Аз Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба сардори раёсати мазкур шаҳрванди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Б.Р. муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки сардухтури маркази зикршуда барои додани хулосаи тиббӣ дар бораи муайян кардани вазъи рӯҳии писараш, ки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аз ӯ 1000 доллари ИМА маблағ талаб карда, дар ниҳояти кор, баъди «савдо» ба гирифтани 600 доллари ИМА барои «хизматҳояш» розӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, табиби 61-сола зимни порагирӣ бо далели шайъӣ дар ҳуҷраи кориаш боздошт шуда, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 319, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Гирифтани пора шахсан аз ҷониби мансабдор ё тариқи миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтиши пешакӣ идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 19 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (ҳамин давраи соли гузашта – 22 далел) ба қайд гирифта шудааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста