Як зан бо номи Отифеҳ Пичанд, шаҳрванди Эрон, ки таҳти ҳимояти Комиссари СММ оид ба умури гурезагон қарор дораду рӯзи 21-уми июл дар бораи таҷовуз ба номусаш аз ҷониби корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералӣ хабар дода буд, рӯзи чоршанбе дар дохили бинои намояндагии СММ дар ҶТ худро оташ заданӣ шуд.
Дар робита ба ин масъала Отифеҳ Пичанд, ки айни замон дар беморхонаи сӯхтаи №3-и шаҳри Душанбе бистарӣ аст, ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки тасмим гирифтанаш ба даст задан ба чунин амали ноумедона барои он аст, ки «намояндагии СММ дар Тоҷикистон нисбати тақдири ӯ бетараф мебошад».
«Шоми рӯзи 6-уми август ман боз ба намояндагии СММ рафта, таъмини амниятамро дархост карданӣ шудам, зеро шахсе, ки ман аз болояш ба прокуратураи генералӣ шикоят бурдам, бо ҳар роҳу воситае мехоҳад аз нигоҳи маънавӣ ба ман фишор орад. Ӯ маро масхара мекунад. Гоҳе занг зада, маслиҳат медиҳад, ки аризаамро бозпас бигирам, гоҳи дигар бо лаҳни масахараомез маро боз ба муносибати маҳрамона даъват мекунад. Ҳамаи ин ва ҳамчунин хоҳиш надоштани касе дар ин ҷо барои кумак ба ман ва ҳатто намояндагии СММ дар Тоҷикистон, маро таҳти фишори хеле шадид қарор додааст. Аз ин рӯ, ман худро оташ заданӣ шудам, вале ба он муваффақ нагардидам. Ман танҳо ба нӯшидани бензин фурсат пайдо кардам ва ростӣ сарам чунон ба чарх задан даромада, тамоми вуҷудам ба сӯзиш омад, ки ман дигар имкони идомаи кори оғозкардаамро надоштам. Ман беҳуш шудам», - гуфт ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» тариқи телефон.
Ба қавли ӯ, дар Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон ӯ аллакай муддати як ҳафта аст, ки барои кумак муроҷиат мекунад, вале намояндагони Раёсат ҳамеша баррасии муроҷиаташро ба вақти дигар мавқуф мегузоранд ва ваъда медиҳанд, ки ба ӯ ҳатман занг мезананд. «Дирӯз ҳам вақте ман назди онҳо омадам, боз аз ман дархост карданд, ки занги онҳоро интизор шавам. Ман боз чӣ қадар вақти дигар интизор шавам?», - мегӯяд Отифеҳ Пичанд.
Ёдрас мекунем, ки Отифеҳ Пичанд санаи 21-уми июли соли равон дар изҳороташ ба унвони Прокуратураи генералӣ дар бораи таҷовуз ба номусаш аз ҷониби корманди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маълумот дод.
Изҳорот ба унвони прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода ирсол шудааст. Дар он ӯ қайд карда буд, ки санаи 10.02.2014 сол як корманди ВКД ҶТ ӯро зӯран ба автомашинаи рақами 55 00 АМ 01 савор карда, ба кабинети кориаш овардааст ва дар ҳамон ҷо нисбати ӯ амалҳои зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ содир намудааст.
Аз Прокуратураи генералии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки изҳорот бо чунин мазмун ба қайд гирифта шуда, айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон ба «Азия-Плюс» ваъда доданд, ки баъдтар ин қазияро шарҳу тавзеҳ хоҳанд дод.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста