Рӯзи 16-уми декабр ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳушёрҳоҷӣ Ҳасан Фамонӣ Алиризо Аҳмади 37-сола, директори ширкати “Сурино”, муваққатан истиқоматкунандаи ш.Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2014 шаҳрванд Саломатхон Неъмоноваи 41-сола, соҳибкор, сокини кӯчаи Айнии пойтахт бо роҳи фиреб ба ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 72 ҳазору 600-сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта, то ҳол пулашро барнагардонидааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамин тариқ, Неъмонова С.Қ. моҳи январи соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Раҷабов Салоҳиддини 26-сола, соҳибкор, сокини шаҳри Душанбе низ даромада, аз ӯ ба маблағи 24 ҳазор сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Аҳмадова Матлуба Сатвалдиевна, соли таваллудаш 1968, соҳибкор, сокини кӯчаи Фархори пойтахт муроҷиат кардааст, ки моҳи августи соли 2013 ҳамсояаш Шамсиев Парвиз Ҷалолиддинович, соли тавллудаш 1976, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашро гирифта ба “ФСП”-и “Аввалин бонки молиявии хурд” гузошта, аз он ҷо маблағи 500000-сомонӣ қарз гирифта, ваъда додааст, ки дар муҳлати 1-сол пардохт намуда, ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашро бар мегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста