Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хонандаи синфи 10-уми Мактаби байнулмилалии Душанберо боздошт намуд, ки худро писари президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуда, маблағи зиёди пулӣ гирифтааст.
Аз Агентии мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки толибилм Хушдил Қурбонов худро писари президенти ҶТ Сомони Эмомалӣ муаррифӣ карда, аз одамон маблағҳои пулии зиёд дастрас ва ба мансабдорон ҳар гуна супоришҳои ғайриқонунӣ медодааст.
Бино ба маълумоти Агентӣ, Хушдил Қурбонов ҳамроҳ бо як хешаш Ҷӯрахон Холов боварии шаҳрванд Маҳмадризо Раҷабовро ба даст оварда, ба ӯ ҷудо гардидани 0,30 га қитъаи замин дар қаламрави ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакиро ваъда медиҳанд ва барои хизмати худ аз Раҷабов 50 ҳазор доллари ИМА талаб мекунанд.
«Пас аз гирифтани пул онҳо ба М.Раҷабов мегӯянд, ки барои дастрас кардани қитъаи замин ба шахси масъул Сабзалӣ Маҷидов муроҷиат намояд. Дар ҳамин ҳол, Хушдил Қурбонов ба Сабзалӣ Маҷидов занг зада, худро писари президент Сомони Эмомалӣ муаррифӣ мекунад ва ба ӯ супориш медиҳад, ки ба Маҳмадризо Раҷабов қитъаи замин ҷудо кунад, аммо Маҷидов ба Хушдил Қурбонов бовар накарда, ба М.Раҷабов қитъаи замин ҷудо намекунад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки Хушдил Қурбонов маблағи 50 ҳазор доллари ИМА-ро моҳи августи соли 2014 гирифтааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста