Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати собиқ сардори Раёсати сохтмони асосӣ (УКС)-и мақомоти шаҳрдории Душанбе Саидшариф Анваров ва 6 нафар ҳаммаслакони ӯ мутобиқи моддаи 320 Кодекси ҷиноии ҶТ (Додани пора) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Бино ба маълумоти Агентии мазкур, ҳамроҳ бо Анваров раис ва муовини раиси "Тоҷикколхозсохтмон" - Фазлиддин Маҳмудов ва Фирӯз Раҳмонов, роҳбарони корхонаҳои "Жилестрой" - Тоҳирҷон Тағоев, ПМК-278 - Олим Саидов, "Хонасоз-4" - Тоҳирҷон Мирзоҷонов ва "Саманд 2010" - Қосим Фатҳуллозода низ боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, боздоштшудагон ба азхудкуниву исрофкорӣ ва изофанависӣ дар сохтмони Маркази тиббии «Пойтахт-90» айбдор карда мешаванд.
Яке аз айбдоршавандагон - Фирӯз Раҳмонов нимаи моҳи ноябр ҳангоми кӯшиши додани пора ба корманди Агентии зиддифасод дар ҳаҷми 448 ҳазору 700 доллари ИМА аз номи шахсони дар боло зикршуда боздошт гардидааст.
Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои сохтмони Маркази тиббии «Пойтахт-90» аз буҷети пойтахт беш аз 500 млн. сомонӣ ва барои харидории таҷҳизоти он - ҳудуди 44 млн. сомонӣ ҷудо шудааст.
Маркази тиббии «Пойтахт-90» дар паҳлӯи Маркази ҷумҳуриявии ташхис аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохта шуда истодааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказ ахири соли равон дар назар аст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста