Кормандони милитсия рӯзи 18 январ марди 23-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони даллагӣ дастгир намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда, дар кӯчаи Ленини шаҳраки Ғафуров марди 37-соларо бо зани 30-сола, сокинони шаҳри Хуҷанд, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос карда, аз онҳо 500 сомонӣ маблағ гирифтааст.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.