Кормандони Раёсати минтақавии хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар шахри Душанбе дар дидбонгоҳи гумрукии «Ҷиргатол» 630 кило шираи камолро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, моҳи апрели соли равон шаҳрванд Абдлвоҳид Меглибоев, соли таваллудаш 1975 ҳамроҳ бо шахрванди қирғизистон бо номи Иззатулло нақшаи ҷамъоварии ғайриқонунии ширкаи камолро тарҳрезӣ намудаанд.
Минбаъд бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи ҷинояткоронаи пешакӣ таҳрезишуда Менглибоев А.Б. бо маслиҳати пешакӣ бо директори ҶДММ «Содиқ» Содиқов Ҷумахон соли таваллудаш 1955 дар аввалҳои моҳи майи соли 2016 аз анбори охирин, воқеъ дар кӯчаи Маяковский-2 шаҳри Душанбе дар даҳ адад зарфҳои оҳанини ғунҷоишашон 30 кг, шираи камоли бадбуйро гирифта, ба воситаи шахсони номаълум ғайриқонунӣ ба ноҳияи Лахш бо мақсади минбаъд ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо таври қочоқ интиқол додан, равона менамоянд.
Зимни азназаргузаронии гумрукии автомшаинаи тамғаи «Мерседес» таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Абдулфаттоҳ Шералиев зарфҳои зиикршуда мусодира гардиданд.
Ғайр аз ин, аз анборҳои ҶДММ «Содиқ» дар шаҳри Душанбе қуттича бо навиштаҷоти «шираи камол», 500 қуттича бо навиштаҷоти «решаи ширинбия», ҷамъ 1000 қуттича ва 14 адад зарфҳои пластикии рангашон зарди ғунҷоишашон 20 кг, ки дар дохилашон моеъи ғафси бадбӯй мавҷуд буданд, дарёфт ва мусодира шудааст.
Гуфта мешавад, вазни умумии маводи гирифташуда 630 килограммро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбат ба шахсони қонуншикан Менглибоев Абдулвоҳид, Содиқов Ҷумахон ва дигарон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол шудааст.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста