Суди олии Тоҷикистон пушти дарҳои пӯшида нисбати чанде аз ҳаммаслакони Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ҳукм содир намуд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , тибқи маълумоти аз хешону пайвандони маҳкумшудагон расида, Суди олӣ Садриддин Неъматов ва Сироҷ Одинаевро ба ҳабси абад ва Амрулло Нуровро ба 23 соли зиндон маҳкум кардааст.
Гуфта мешавад, номи маҳкумшудаҳои дигари табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим ва чанд сол зиндонӣ шудани онҳо маълум нест. Ин ҳукм ҳафтаи гузашта содир шуда, аммо ба далели пӯшида будани мурофиа, хабараш дертар ба расонаҳо роҳ ёфтааст.
Хабаргузории "Тоҷнюс" бо такя ба манобеи худ гуфтааст, ки ин ҳукм рӯзи 10 июн содир шуда, дар маҷмуъ нуҳ тан аз пайравони Ҳоҷӣ Ҳалим ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки 4 сентябри соли 2015 гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва воҳиди махсуси мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамла намуд. Сипас Назарзода ва ҷонибдорони мусаллаҳи ӯ дар дараи Ромит, воқеъ дар 50 километриии шаҳри Душанбе паноҳ бурданд.
Амалиёти аз байн бурдани ин гурӯҳ аз 4 то 16 сентябр идома ёфта, дар натиҷа худи генерал ва муовини ӯ, полковник Ҷунайдулло Умаров ва ҳамчунин 25 аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуда, беш аз 200 нафар дастдоштагон ба исён боздошт шуданд.
Ҳукуматдорон рӯйдодҳои моҳи сентябрро ба дӯши собиқ муовини вазири мудофиа, генерал-майор Абдуҳалим Назарзода вогузор намуда, баъдан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар омодагӣ ва маблағгузории исёни мусаллаҳона айбдор карданд.
Генерал Назарзода қаблан аъзои ҲНИТ буда, пас аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ тибқи квотаи 30 фоизӣ аз ҷониби мухолифон дар Вазорати мудофиа ба кор қабул шуд.
Моҳи майи соли равон суди пойтахт Бахтиёр Назаров, писари калонии Абдуҳалим Назарзодаро ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои «даъвати оммавӣ ба тағйир додани сохти конститутсионӣ», «даъват ба бетартибиҳои оммавӣ» ва кӯшиши «барқасдона хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин» гунаҳкор дониста шуд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста