Пулиси шаҳри Санкт-Петербург иттилоъ медиҳад, ки як шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон шаби 2 ба 3 август ҳадафи ҳамлаи гурӯҳӣ қарор гирифта, бо зарби мачете, бита ва корд кушта шудааст.
Бо истинод ба нашрияҳои маҳаллӣ Радио Озодӣ дар ин робита хабар медиҳад , ки ҷасади ин муҳоҷирро дар назди як мағозаи шабонарӯзӣ дар кӯчаи Ленскаяи ноҳияи Красногвардейский пайдо кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ин навраси тоҷик дар наздикӣ, дар хиёбони Косигин ба сар мебурд ва қарибии соати 12 барои харид ба мағоза омадааст. Аммо дар назди мағоза байни ӯву як гурӯҳи наврасони маҳаллӣ муноқиша бармехезад ва онҳо навраси тоҷикро аз ноҳияи пушташ чанд корд зада, дастикам ду ангушти ӯро низ мебуранд.
Ин навраси ҳанӯз зиндаро ба бемористон бурдаанд, вале бо вуҷуди талошҳои табибон, ӯ дар рӯи кати ҷарроҳӣ даргузаштааст.
Пулиси Петербург гуфтааст, дар як муддати кӯтоҳ бо гумони даст доштан дар ин куштор се навраси аз 16 то 18-сола ва як духтари 15-соларо дастгир кардаанд. Ҳамаи онҳо дар ҳолати сархушӣ қарор доштаанд. Аз боздоштшудаҳо як мачете ва чанд битаву корд мусодира шудааст.
Дар консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 3 август ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ин қазияро аз тариқи каналҳои расмии дипломатӣ таҳқиқ мекунанд. Пулиси Петербург ҳанӯз шахсияти навраси кушташударо нашр накардааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста