Муовини сардори Раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд Фаридун Беназирзода дар шаҳри Хуҷанд боздошт шуд. Боздошти ӯ дар доираи парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Фаридун Беназирзодаро рӯзи 1 май дар ҳуҷраи кориаш боздошт намудаанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ дар хадамоти махуси ҷумҳурӣ хабар дод, Беназирзода дар чаҳорчӯби парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони Агентии зиддифасод боздошт шудааст.
Хотиррасон шуд, ки то соли 2015 Беназирзода дар вазифаи муовини сардори Раёсати Агентии зиддифасод дар шаҳри Душанбе, сипас муддати ду сол дар Хадамоти гумруки назди ҳукумат дар Душанбе кор карда, ҳамагӣ як моҳ пеш ба кор дар вилояти Суғд гузаронида шудааст.Аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала манбаъ худдорӣ варзид.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ВАО, айни замон беш аз 10 нафар кормандони Агентии зидддифасод боздошт шудаанд. Дар худи Агентӣ дар ин робита изҳор мекунанд, ки ин кормандон чанд ҳафта пеш аз боздошташон аз кор озод шудаанд. Раҳбарияти Агентӣ бо зикри махфӣ будани маводи парванда аз шарҳи бештар худдорӣ мекунад.
Миёни боздоштшудагон собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ Фирӯз Холмуродов низ ҳузур дорад. Чанд нафар таҳти баёноти тарк накардани маҳалли истиқомат қарор дошта, онҳо ҳам шарҳи масъаларо рад мекунанд, ҳатто маълумоти қаблан интишоршуда дар бораи эҳтимоли боздошт шуданашонро низ.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.