Мурофиаи додгоҳии собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки рӯзи 19 июл дар Суди олӣ оғоз гардид, пушти дарҳои пӯшида мегузарад.

Мурофиаи додгоҳӣ нисбати 10 нафар собиқ кормнадони Агентии зиддифасод муддати ду ҳафта идома ёфта, дар ин давра баррасии дигар парвандаҳо дар Суди олӣ маҳдуд карда мешавад. Мурофиа тибқи ҷадвали муайян (рӯзҳои душанбе ва ҷумъа - аз соати 8 то 17:00 ва дар рӯзҳои дигар - аз 13:00 то 17:00) доир гардида, дар ин давра воридшавӣ ба бинои суд манъ аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як корманди Суди олӣ хабар дод.

Рӯзи душанбе назди бинои Суди олӣ бисёр хешовандону наздикони судшавандагон ҷамъ омада, онҳоро низ ба мурофиа роҳ надоданд. Онҳо аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ варзида, танҳо зикр карданд, ки ба толори суд ба ҷуз судшавандагон ва адвокатҳои онҳо, дигар касеро роҳ надодаанд.

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён рӯзи 17 июл зимни нишасти хабарӣ рӯзноманигоронро огоҳ карда буд, ки мурофиаи додгоҳӣ нисбати собиқ кормандони Агентии зиддифасод пушти дарҳои пӯшида сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, ин мурофиа нисбати 13 нафар - 10 нафар собиқ кормандони Агентии зиддифасод ва ҳамчунин 3 нафар кормандони дигар сохторҳо, ки аз рӯи ин парванда айбдор карда мешаванд, ҷараён мегирад.

«Миёни айбдоршавандагон Фирӯз Холмуродзода, Давлатбек Хайрзода ва дигар собиқ кормандони Агентии зиддифасод ҳузур доранд, ки ба қаллобӣ ва порагирӣ гумонбар дониста мешаванд», - изҳор дошта буд раиси Суди олӣ.

Ба саволи журналистон дар бораи бозбинӣ шудани парвандаи Зайд Саидов дар робита ба аз ҷониби собиқ роҳбари раёсати тафтишоти Агентии зиддифасод Фирӯз Холмуродзода баррасӣ шудани он, Шоҳиён чунин посух дод: «Парвандаи Саидов бозбинӣ намешавад, зеро ин парванда натанҳо дар Агентии зиддифасод, балки дар прокуратура ва суд низ баррасӣ шудааст».

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрел як гурӯҳи калони кормандони Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз кор озод ва баъдан чанде аз сабукдӯшшудагон ба ҳабс гирифта шуданд.

Нахуст Фирӯз Холмуродзода, собиқ роҳбари Раёсати тафтишоти Агентии зиддифасод ва сипас собиқ муовини ӯ - Фахриддин Бозоров, собиқ муфатттиши ҳамин раёсат Фирдавс Ниёзбадалов (домоди собиқ котиби Шӯрои амният генерал Амирқул Азимов), муовини раиси Раёсати зиддифасод дар вилояти Хатлон Сафаралӣ Ҳомидзода ва роҳбари шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода ба ҳабс гирифта шуданд.

Санаи 25 апрел собиқ муовини директори Агентӣ Давлатбек Хайрзода дар Хуҷанд боздошт шуд. Моҳи январи соли равон ӯ ба нафақа фиристода шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.