Дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз оид ба парвандаи шаҳрванди Русия Татяна Хужина, ки ба қочоқи тангаи замони Русияи подшоҳӣ гумонбар дониста мешавад, ҳукм содир мегардад.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор доштаанд, ки намояндагони вазорат ин қазияро бодиққат пайгирӣ дошта, ба ӯ кумаки зарурӣ мерасонанд.
«Умедворем, ки зимни содир кардани ҳалнома суд ба ҳадди ниҳоӣ аз раҳму шафқат кор гирифта, ҳолатҳои сабуккунанда, маҳз ҷой надоштани нияти бад ва тамаъҷӯиро ба инобат мегирад», - қайд мешавад дар хабари ВКХ Русия.
Қобили зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта намояндаи прокуратура аз суд барои Татяна Хужина ҷазои 6 соли зиндонро дархост намуда, ин талаби худро бо он асоснок кард, ки ин гуна ҷазоро ӯ бо назардошти духтарчаи хурдсол доштани гумонбаршуда дархост кардааст.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июн Хадамоти гуруки Тоҷикистон хабар дод, ки шаҳрванди Русия Татяна Хужинаи 41-сола барои кӯшиши аз қаламрави Тоҷикистон баровардани тангаи дутинаи мисини истеҳсоли соли 1823 боздошт шудааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста