Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон Нурбибӣ Мансурова, ки дар ин кишвар «дар шароити ғуломӣ» кор мекард, кумак карданд.
Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, Нурбибӣ Мансурова гуфтааст, соли 2016 ба воситаи Ҳоҷӣ Искандар ном миёнараве ба доми ширкати "Имкон -2015” афтода, ба Арабистони Саудӣ фиристода шуд. Раиси ширкат Саидаҳмад Сангов ба Нурбибӣ гуфтааст, ки дар Арабистон зани пиреро парасторӣ мекунӣ ва ҳар моҳ 600 доллар маош хоҳӣ гирифт ва ҳар се моҳ метавонӣ як бор ба Ватан биоӣ. Ҳамчунин ба вай ваъда додаанд, ки баъди ду соли кор, тибқи қарордод, харҷи сафари Ҳаҷро ҳам барояш пардохт мекунанд.
Нурбибӣ изҳор доштааст, бехабар аз ин ки ин як ширкати одамфурӯшист, қарордодро имзо кард, вале вақте ба Арабистони Саудӣ омад, ӯро барои хидматгорӣ ба хонаи як араб супурданд. Корфармо аз рӯзи аввал муқаррароти бо Нурбибӣ имзошударо поймол мекунад ва ин зани тоҷикро ба мисли як ғулом кор мефармояд.
Нурбибӣ Мансурова занест, ки соли гузашта дар матбуоти Тоҷикистон ва хориҷӣ дар борааш ҳамчун модари серфарзанд як силсила мақолаҳо ба табъ расид. Ин зан 24 фарзанд таваллуд кардааст, ки аз онҳо 15 нафараш дар қайди ҳаётанд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор доштанд, ки чунин муроҷиатҳо айни замон хеле зиёданд ва аз ин рӯ, Вазорат ба прокуратура муроҷиат карда, дархост намудааст, ки масъалаи фаъолияти ширкатҳоеро, ки ба фиристодани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба кишварҳои арабӣ машғуланд, мавриди санҷиш қарор диҳад.
Охири моҳи сентябр Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ нисбати роҳбарони 3 ширкате, ки ҷиҳати ба муҳоҷират ба Арабистони Саудӣ фиристодани тоҷикистониён машғул буданд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Вобаста ба ҳолати хариду фурӯши одамон бо мақсади суиистифодаи кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ аз ҷониби кормандони ширкатҳои «Ҷамол-2012», «Имкон-2015» ва «Абдулкарим» бо моддаи 1301 қисми 2 бандҳои «г» ва «ё»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста