Суди ноҳияи Ёвон нисбати се нафар волидон барои дидаву дониста хонадор кардани ноболиғон ҳукм содир намуд. Домоди 17-сола низ ҷазо гирифт.
Волидони домод С.Шарипов ва Д.Абдуллоева, ҳамчунин модари арӯси ноболиғ Н.Саъдиева барои он муҷозот шудаанд, ки моҳи октябри соли 2016 дидаву дониста фаразандони ноболиғашонро хонадор кардаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, онҳо дидаву дониста, ки писарашон Шарипов У.С. соли таваллудаш 2 майи 1999 ноболиғ мебошад бо ноболиғ Раҳимова Н.У. соли таваллудаш 21 феврали 2000 ҳануз ба синни никоҳӣ нарасидааст, бе қайди дахлдор дар мақомоти САҲШ-и ноҳияи Ёвон моҳи октябри соли 2016 онҳоро никоҳи мусулмонӣ намуда оиладор намудаанд.
«Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон ба Шарипов С.Ф., Абдуллоева Д.Р. ва Садиева Н.В. ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба мухлати 1 сол бо нигоҳ доштани 20 % музди меҳнат ва ба Шарипов У.С. ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 140 соат таъин таъин карда шуд», - омадааст дар маълумот.
Қобили зикр аст, ки аз 1 январи соли 2011 тағйирот ба Кодекси оилаи Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифта, мувфиқи он, синни никоҳи духтарон аз 17 ба 18-сола тағйир дода шуд. Ин тағйирот аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 21 июли соли 2010 тасдиқ шуда буд.
То қабули ин тағйирот синнусол барои никоҳ 17-сола муқаррар шуда, дар баъзи ҳолатҳои истисноӣ дар синни 16-солагӣ низ ба духтарон барои ба шавҳар баромадан иҷозат дода шуда буд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста