Абдумалик Саломов, ҷарроҳи ҳирфаии Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд, бо гумони иртибот бо пайравони равияи мамнӯи динии “Салафия” аз суи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст.
Бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, баъди боздошт ва ҳам шурӯи тафтишот Саломов дар боздоштгоҳ (СИЗО-и №2)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ шуда, тафтиши парвандаро мақомоти Кумитаи амнияти Суғд пеш мебарад.
Манобеи наздик ба тафтиши ин қазия, дар парванда зикр шудааст, ки Абдумалик Саломов бо гурӯҳ иртибот дошт, ки ба пайравӣ аз равияи мамнӯи “Салафия” гумонбар дониста мешавад ва дар “маҳфилҳои палави” онҳо ширкат мекардааст.
Абдумалик Саломов 41 сол дошта, ба гуфтаи ҳамкоронаш, соли 1999 Донишгоҳи тиббии Душанбе ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кард ва ҳамон сол дар бемористони амрози дили шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз кард. Сипас, дар Маскав дар бахши ординатураи ихтисоси ҷарроҳи қалб рисолаи илмии худро ҳимоят кард ва унвони номзади илми тиб ба Суғд баргашт.
Собиқаи кории ӯ дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни Бакулев ва госпитали Вишневскийи Маскав ба ҳайси ҷарроҳи қалб 7 солро дар бар гирифт. Ӯ соли 2015 бо даъвати мақомоти Суғд ба ватан баргашта, дар маркази навтаъсиси ҷарроҳии дилу шарён дар Хуҷанд ба кор шурӯъ кард.