Қазияи ширкати «Умед-88» торафт ҷолибтар мешавад. Ширкатро ба қарзи ғайриқонунӣ гирифта ё ғайриқонунӣ додашуда айбдор медонанд.
Роҳбаронро боздошт ва лавҳаҳо бо номи ширкатро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ барканданд. Вале дар бораи чӣ гуна муҷозот шудани касони ин қарзро баимзорасонида, касони пулҳои мардумро ба дастони шахси хусусӣ дода чизе намегӯянд.
«Умед-88»-ро ба чӣ айбдор мекунанд?
Зимни суханронӣ рӯзи 14 октябр дар вохӯрӣ бо соҳибкорон Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки ширкат воситаҳои зиёди буҷетро харҷ карда, ба давлат барнамегардонад. Амали кормандони Вазорати молияро, ки ин маблағҳоро додаанд, Сарвари давлат «бемасъулиятӣ» хонда, дастур дод, ки гунаҳкорон муҷозот шаванд.
Рӯзи дигар баъди изҳороти президент баркандани лавҳаҳо бо навиштаҷоти «Умед-88» дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ оғоз гардида, бо фурӯхтани сӯзишвории боқимонда, онҳо корро бас карданд. Дафтари асосии кории ширкат баста аст.
Баъди 10 рӯз Агентии зиддифасод хабар дод, ки молики ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ва ҳамчунин директори ширкат Идибек Ибрагимов рӯзи 14 октябр, дарҳол баъди изҳороти Эмомалӣ Раҳмон боздошт шудаанд.
Раҳбарияти ширкат дар суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва азхудкунии воситаҳои қарзӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешаванд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, рӯзи 25 октябр сармуҳосиби ширкати “Умед 88” ва боз 3 масъули нуқтаҳои сӯзишворӣ низ боздошт шуда, сармуҳосиб ба ғайриқонунӣ азхудкунии маблағҳо ва се нафари боқимонда, ки ному насабашон ифшо намешавад, дар ба сифати кафил иштирок кардан дар гирифтани қарзҳо аз «Амонатбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» гумонбар дониста мешаванд.
Дар маълумоти сомонаи Агентии зиддифасод қайд шуда буд, ки баҳри иҷрои Протоколи ҷаласаи Шўрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Неругоҳи барқии обии Роғун" аз 06.04 соли 2015, байни ҶСК "НБО Роғун" ҳамчун қарздиҳанда, Вазорати молияи Тоҷикистон ва ҶДММ "Умед-88" ҳамчун қарзгиранда (Вазорати молия ин ҷо яқинан ба сифати кафил. - идора) шартномаи қарзӣ аз 15.05 соли 2015 ба имзо расонида шудааст.
Мувофиқи ин шартнома ба ҶДММ “Умед-88” барои рушди комплекси агросаноатӣ дар Тоҷикистон тариқи таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти сўзишвории дизелӣ ба маблағи 171 млн. сомонӣ сомонӣ ба муҳлати то 31.12 соли 2015 қарз дода шудааст.
Дар маълумот қайд мешавад, ки директори ҶДММ "Умед-88" Идибег Ибрагимов тибқи маслиҳати пешакӣ бо муассиси воқеии ҳамин ҷамъият Раҷабалӣ Одинаев ва дигар шахсони масъул амал намуда, қасдан ва бо мақсади ғараз, яъне баҳри ба манфиати ҶДММ "Умед-88" ба даст овардани фоидаи муфт, қарзи мақсадноки давлатиро ба миқдори махсусан калон ғайриқонунӣ гирифтаааст. Зикр мегардад, ки онҳо аз ваколатҳои фармонфармоӣ ва идоравии худ сўиистифода намуда, маблағи қарзиро бар хилофи манфиатҳои давлат ва бо дағалона вайрон намудани талаботи шартномаи қарзӣ, мувофиқи мақсад истифода накарда, аз ин ҳисоб моҳҳои май-июни соли 2015 бо роҳи пўшонидани уҳдадориҳои қарзии ҷамъият дар назди БДА ҶТ "Амонатбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" маблағи беш аз 74 млн. сомониро тасарруф намудаанд.
Дар ҷойи дигар «кофтан» лозим аст
Дар тамоми ин қазия чизи ҳайратовараш он аст, ки дар изҳороти Агентии зиддифасод дар бораи роҳбарони Вазорати молия ва ҶСК «НБО Роғун» сухане гуфта намешавад.
Чаро маҳз дар бораи онҳо? Чунки, қайд мекунанд мутахассисон, ҳуҷҷатҳои чунин сатҳ (созишномаи сеҷонибаи қарзӣ) танҳо аз ҷониби шахсони аввали мақомоти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳо ба имзо мерасанд.
Замони додани қарз, моҳи майи соли 2016 ба ҳайси вазири молия Абдусалом Қурбониён (феълан низ) ва ба сифати директори генералии ҶСК «НБО Роғун» Хайрулло Сафаров (феълан низ) кор мекарданд.
Дар Агентии зиддифасод мегӯянд, айни замон тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад, ба истилоҳи дигар: онҳо акнун ба «кофтан» сар кардаанд.
Алҳол мо мушоҳида дорем, ки агентӣ танҳо аз як паҳлӯ «мекобад». Дар ҳамин ҳол, шояд на аз паҳлӯи муҳимтар.
Ба гуфтаи коршиносон, бо пешниҳоди қарз ба чунин маблағи калон роҳбарони Вазорати молия ва ҶСК «НБО Роғун» наметавонистанд надонанд, ки дар шароити камбуди шадиди воситаҳои молиявӣ дар кишвар, ширкат дар чунин муҳлати кӯтоҳ (ҳафт моҳ) пулҳоро баргардонида наметавонад.
Гузашта аз ин, ширкати хусусӣ ба ҳеҷ гунае сохторҳои давлатиро ба додани чунин маблағи зиёд маҷбур карда наметавонист. Пас қарзи давлатии ғайриқонунӣ гирифта ғайриқонунӣ низ дода шудааст?
Вазорати молия хомӯш аст
Ин ҷо ёдрас шудани қазияи сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Аскар Нурализода бамаврид аст, ки охири моҳи сентябр бо далели гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд боздошт шуд.
Аскар Нурализода зимни гирифтани маблаги пулӣ дар ҳаҷми 490 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир шудааст. Боз ҳангоми кофтуков дар хонааш 10 ҳазор доллари дигар дарёфт шуд. Нурализода ин маблағро аз сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (ному насабаш ҳанӯз маълум нест) гирифта, уҳдадор шудааст, ки барои ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ворид намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ин ноҳия мусоидат мекунад.
Дар ин замина барои мусоидат намудан барои ба номбурда ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 10 млн. доллари ШМА, аз ӯ ба сифати пора 10% маблағи ҷудошаванда, яъне 1 млн. доллари ШМА талаб намудааст, ки мувофиқи маслиҳати тарафҳо, маблағи 500 ҳазор доллар то иҷрои амали ваъдашуда ва қисми дигари он, маблағи 500 ҳазор доллари боқимонда баъди иҷрои ин амал ба Нурализода А.Ш. ба сифати пора дода мешуд.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, фоиз ё худ ҳақ барои ин корҳо дар мо 10-15% (он замон дар бораи корманди сатҳи миёна сухан мерафт)-ро ташкил медиҳад. Пас касе дар Вазорати молия он замон, соли 2015 шояд 17 млн. сомонӣ гирифта бошад. Кӣ?
… Баъди изҳороти президент мо дарҳол бо дархост ба Вазорати молия муроҷиат кардем, вале то рӯзи нашри газета посухе аз онҳо нарасид, ҳарчанд мувофиқи қонунгузории кишвар, ба мо бояд дар муддати се рӯз посух медоданд. Тариқи телефон ба хабарнигори «Азия-Плюс» танҳо иттилоъ доданд, ки дархост мавриди баррасии вазир қарор дорад.
Имрӯзҳо дар ҷомеа дар навбати аввал аз он дар шигифтанд, ки мансабдорон пулҳои аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун бадастомадаро чӣ гуна бо як осонӣ идора мекунанд. Соли 2010 одамон ба умеди дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расидани сохтмони «иншооти аср» амонатҳои охирини худро дода буданд. Бархе аз омӯзгорону кормандони тиббӣ ҳатто бо маоши ҳанӯз нагирифтаашон саҳмия харида буданд.
Он замон одамон самимона бовар доштанд, ки бо имрӯз додани маблағи ночизи доштаашон фардо ба зиндагии шоистатаре соҳиб мешаванд.