Мақомоти милитсия саривақт иҷро шудани қарорҳо оид ба масъалаҳои хоҷагидориву иқтисодиро назорат хоҳад кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи милитсияи ҶТ»-ро таҳия ва ба баррасии парлумон фиристодааст, ки мутобиқи он, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мавриди назорати иҷрои ҳукмҳои суд ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ахиран «иҷрои ҳукмҳои суд дар кишвар, ки ба масъалаҳои амволу замин, пардохти ҷаримаҳо ва дигар масъалаҳои хоҷагидориву иқтисодӣ дахл доранд, ба мушкилот табдил ёфтааст».
«Қарорҳо қабул мешаванд, вале масъалаи иҷро шудан ё нашудани онҳо гапи дигар аст, - таъкид дошт ӯ. - Аксар вақт қарорҳо содир шуда, лекин иҷрои онҳо солҳои тӯлонӣ давом меёбад ё он тамоман ба иҷро намерасад».
Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ба ҳаллу фасли ин масъалаҳо танҳо судиҷрочиён машғул буданд.
«Агар парлумон лоиҳаи зикршударо қабул намояд, кормандони милитсия ҳамроҳ бо намояндагони судҳо оид ба масъалаҳои хоҷагидорӣ ва иқтисодӣ, ки мақомоти дахлдори судӣ аз рӯи он ҳалнома содир намудаанд, қарор қабул намуда, ҷараёни иҷрои онро назорат мекунанд», - илова кард сарчашмаи хабар.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста