Дар шаҳри Минск охири ҳафтаи сипаришуда прокуророни генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Беларус Александр Конюк вохӯрии корӣ баргузор намуданд, ки дар он ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Покуратураи генералии ҶТ, дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин ёрдамчии прокурори генералии ҶТ Ҳотамбеков А., сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода М., сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук Юсуфӣ М., прокурори шаҳри Гулистони вилояти Суғд Абдуллозода А. ва сафири Тоҷикистон дар Беларус Қ.Қоимдодов ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, аз ҷониби Ҷумҳурии Беларус муовини Прокурори генералӣ Стук А. ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ, таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсия, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, мубодилаи таҷриба дар амалисозии чорабиниҳои соҳави мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби прокуророни генералии Тоҷикистон ва Беларус барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои ҳарду ҷониб барои солҳои 2018-2019 бо нишон додани чорабиниҳои мушахаси муштарак ба имзо расонида шуд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста