Сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Аскар Нурализода ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.
Мансабдор охири моҳи сентябри соли гузашта барои талаб кардани ним млн. доллар пора аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шуда буд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди шаҳри Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, ҳукм аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир шуда, ӯ дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 319 (Гирифтани пора) гунаҳкор дониста шудааст.
Ҳукм нисбати ин мансабдор ҳанӯз 10 январ содир шуда, лекин танҳо ҳамин рӯз дар ин бора маълумот дода шудааст. Мувофиқи меъёрҳои қонун, маҳкумшуда ва намояндагони ҳимояи ӯ муддати 10 рӯз аз замони содир шудани ҳукм метавонанд аз болои он ба зинаи таҷдиди назар шикоят баранд.
Аскар Нурализода охири моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе зимни гирифтани маблаги пулӣ дар ҳаҷми 490 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод дастгир шуд. Боз дар манзили истиқоматияш низ 10 ҳазор доллар дарёфт шуда буд.
Тибқи маълумоти Агентӣ, Нурализода ин маблағро аз сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (ному насабаш ҳанӯз маълум нест) гирифта, уҳдадор шудааст, ки барои ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ворид намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ин ноҳия мусоидат мекунад.
«Дар ин замина барои мусоидат намудан барои ба номбурда ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 10 млн. доллари ШМА, аз ӯ ба сифати пора 10% маблағи ҷудошаванда, яъне 1 млн. доллари ШМА талаб намудааст, ки мувофиқи маслиҳати тарафҳо, маблағи 500 ҳазор доллар то иҷрои амали ваъдашуда ва қисми дигари он, маблағи 500 ҳазор доллари боқимонда баъди иҷрои ин амал ба Нурализода А.Ш. ба сифати пора дода мешуд», - қайд шуда буд дар маълумоти Агентӣ.
Ҳамчунин зикр гардида буд, ки Нурализода гӯё аз шаҳрванд «А» дархост намудааст, ки барои ҳамсараш ба маблағи 69 ҳазору 360 доллар манзили сеҳуҷрагӣ харад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста