Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон изҳор медорад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон тасдиқ намудаанд, ки зерҳимояи ӯ, адвокати маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов рӯзи 26 августи соли равон озод карда мешавад.
«Прокуратураи генералӣ ва Вазорати адлия дар посух ба мактуби Дилафрӯз Қурбонова, ҳамсари Шуҳрат, қайд кардаанд, ки ӯ бояд 26 августи соли 2018 ба озодӣ барояд. Дар нома навишта шудааст, ки Қудратов ба рӯйхати авфи эълоншуда ба ифтихори 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дохил нашудааст», - қайд кард Зойиров.
Аммо ӯ ба ин розӣ нест. «Ман хулосаи ҳуқуқӣ омода крадам, ки мувофиқи он, Қудратов бояд мавиди авф қарор мегирифт ва кайҳо бояд дар озодӣ қарор медошт. Ин хулосаро ба Суди олӣ, Ваколатдори ҳуқуқи инсон, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати адлия мефиристам», - иброз дошт Раҳматилло Зойиров.
Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки санаи 20 январ 40-сола шуд, 13 январи соли 2015 ба иттиҳоми порадиҳӣ ва қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуда, баъдан 3 марти ҳамин сол Суди олӣ муҳлати ҷазои ӯро ба 5 солу 4 моҳ кам кард ва ӯро ба пардохти 87,6 ҳазор сомонӣ ҷарима уҳдадор намуд, ки маблағи ҷарима базудӣ пардохт шуд.
Шуҳрат Қудратов яке аз адвокатҳои соҳибкори ба 26 соли зиндон маҳкумшуда Зайд Саидов мебошад, ки аз манфиатҳои ӯ ҳимоя мекард.
Қобили зикр аст, ки дар авфи эълоншуда ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон 12 ҳазор нафар озод шуданд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста