Соҳибкори ҷавони тоҷик Бахтиёр Додохоновро, ки ҷасадаш санаи 5 март дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Мадина дарёфт шуд, нахуст мавриди ғорат қарор дода, сипас ҳамроҳи наздиконаш заҳролуд кардаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба оилаи Додохоновҳо хабар дод.
Бино ба гуфтаи ин манбаъ, гӯё Бахтиёр Додохонов, ки бо илааш ба Мадина барои анҷоми ҳаҷи умра рафта, бо худ пули зиёд доштааст ва як рӯз пеш аз маргаш ӯро аввал ғорат карда, баъд заҳролуд кардаанд.
Зимнан зикр гардид, ки ин корро эҳтимол дорад рақибонаш дар тиҷорат карда бошанд. Дар бораи маҳз бо кадом тиҷорат сарукор доштани Додохонов манбаъ маълумот надод.
Аммо ҳамаи ин як тахмину гумонҳо аст. Сабаби марги ҳамаи аъзои ин оила то ҳол расман шарҳ дода нашудааст.
Манзурхон Додохонов, падари Бахтиёр ва собиқ директори нашриёти «Шарқи озод» ба «Азия-Плюс» ин тахминро на тасдиқ карду на инкор ва аз шарҳу қазияи марги писараш худдорӣ варзид.
Ӯ танҳо қайд кард, ки айни замон Прокуратураи генералии Арабистони саудӣ тафтиш аз рӯи далели маргро идома медиҳад.
Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ аз шарҳи ин масъала худдорӣ варзида, зикр карданд, ки алҳол дар бораи ҷараёни тафтиши марги шаҳрванди Тоҷикистон ва оилаи ӯ аз Прокуратураи генералии Арабистни Саудӣ ҳеҷ маълумоте нагирифтаанд.
Қаблан хешону наздикони оилаи Додохоновҳо зикр карданд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду фарзияи ҳодисаро - заҳролуд кардан ва буғӣ карданро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.
Ҷасадҳои Бахтиёр Додохонов ва ҳамсару ду фарзандаш дар Мадина ба хок супарда шуданд. «Аз Мадина ба Душанбе хатсайри мустақим амал намекунад ва мо хоҳони онем, ки рӯҳу арвоҳи онҳо орму осуда бошад. Тақдирашон ҳамин гуна будааст ва онҳо дар сарзамини муқаддас дар Мадина гӯронида мешаванд», - гуфта буданд он замон онҳо.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста