Кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд як гурӯҳи иборат аз 6 нафарро ҳангоми кӯшиши аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар интиқол додани асъори хориҷӣ - 29 млн. рубли русӣ ва 67 ҳазор доллар боздошт намуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарипов хабар дод, аъзои гурӯҳ ҳафтае 1-3 маротиба бо ин васила асъори хориҷӣ - пулҳои соҳибкорони бозорҳои «Коврон» ва «Султони Кабир»-и шаҳри Душанберо ба хориҷ мебаровардаанд.
«Пулҳоро тариқи қочоқ бо минтақаи наздисарҳадии Чилгазии шаҳри Исфара мебароварданд, - гуфт Шарипов. - Ба гурӯҳ сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Душане ва Исфара шомил буда, се тан аз онҳо ба ҳайси пулбарандагон (инкассатор) кор мекарданд».
Ин асосан пулҳои соҳибкорони маҳаллӣ мебошад, ки аз боздоштшудагон барои ғайриқонунӣ ба хориҷа фиристодани воситаҳояшон бо мақсади хариди молу маҳсулот истифода мебурдаанд.
Ба гуфтаи ӯ, нисбати боздоштшудагон бо моддаи 32, қ. 2 (. Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва моддаи 289, қ. 2 (Контрабанда (қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Акабар Шарипов ҳамчунин зикр кард, ки тадбирҳои ошкор сохтани дигар аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша ва роҳи интиқоли асъори хориҷӣ аз ҷониби кормандони шуъба идома дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста