Кормандони Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 26 апрел дар ҳамаи ҳамаи 123 муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии пойтахт дарсҳои тарбиявӣ гузарониданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии РВКД Душанбе, соатҳои тарбиявӣ дар доираи дастури раиси пойтахт аз 1 феврали соли равон «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» доир гардиданд.
Зимни дарсҳо кормандони милитсия доир ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва муноқишаву авбошиҳои гурӯҳӣ байни муассисаҳои таълимӣ ҳарф зада, ба хонандагон доир ба ҷиноятсодиркунии баъзе аз хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва пушаймонӣ аз кирдорҳои содиркардаашон филми мустанад намоиш дода шуд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хонандагон шарҳ доданд, ки қонунгузории кишвар бо автомашина ба дарс омадан, доштани телефони мобилӣ бо худ ва ба машғулият ҳозир шудани онҳоро бо сарулибоси ғайритавсиявӣ манъ мекунад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.