Дар Бағдод суд чор зани тоҷикро барои узвият дар гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба ҳабси абад махқум кард. Дар ин бора чанде қабл як қатор ВАО-и хориҷӣ иттилоъ доданд.
Ному насаби занон, ҷузъиёти масъала, зодаи кадом минтақаҳои Тоҷикистон будани ин занон ва кай ба Ироқ рафтанашон маълум нест.
Бино ба маълумоти хабаргузории Франс-Пресс, дар суди шаҳри Бағдод барои робита доштан бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» 19 зан русиягӣ ва 6 зани озарбойҷонӣ ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, занони ҳиҷобпӯшро як нафарӣ ба толори суд даъват намуда, аксари онҳо дар дасташон кӯдакони хурдсол доштанд.
Дар ҳамин ҳол, сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Вафо Ниятбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки алҳол дар бораи занони маҳкумшудаи тоҷик дар Ироқ Тоҷикистон маълумот дар даст надорад.
Ӯ қайд кард, ки ба ҷониби Ироқ дар ин хусус дархости расмӣ ирсол шуда, ояндаи наздик дар ин бораи ин занҳо ба Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод мешавад.
Соли 2015 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумот дода буд, ки 154 оилаи тоҷикон ба Ироқу Сурия рафтанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста