Сарҳадбонони дидбонгоҳҳои ноҳияҳои Ботканд ва Лайлаки Қирғизистон, ки бо ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, акнун бо дастгоҳҳои сабти видеоӣ ба посбонии марз мебароянд.
Сабти муноқишаҳои наздисарҳадӣ дар навори видео ба хотири дарёфти ҳақиқати ҳодисаи рухдода амалӣ мешавад.
Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории фаромарзӣ барои сулҳи устувор ва рушд» ба Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон тариқи ройгон 77 адад дастгоҳи сайёри сабти видеоӣ тақдим кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» мутахассиси лоиҳаи зикршуда Сарвар Турдибоев хабар дод, аксар вақт ҳангоми сар задани муноқиша ва баҳсҳо миёни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ, ҷонибҳо якдигарро гунаҳкор медонанд ва дар ин ҳолатҳо муайян кардани ҳақиқати воқеаи рухдода ва ба созиш овардани онҳо мушкил мешавад.
«Дастгоҳҳо барои истифодаи посбонҳои пиёдагарди сарҳад дода шуданд. Каме пештар ба дидбонгоҳҳо барои нигаҳдории акнун маводи сабти наворҳои видео компютер супурда шуд. Умедворем, ки истифодаи ин дастгоҳҳо ба пешгирии муноқиша ва низоъҳо дар сарҳади кишварҳо мусоидат мекунад», - қайд кард номбурда.
Дар ҳамин ҳол, тавре аз намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳамин гуна дастгоҳҳои сабти видеоӣ ба сарҳадбонони Тоҷикистон низ супурда шудааст.
Қобили зикр аст, ки амалисозии лоиҳаи «Ҳамкории фаромарзӣ барои сулҳи устувор ва рушд»-и Барномаи рушди СММ ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид ҷиҳати пешбурди сулҳу устувор ва рушд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон нигаронида шудааст.
Тадбирҳо дар самти таҳкими сулҳу созиш бо мақсади роҳандозии муколамаи созанда ва созиш байни аҳолии муқими вилояти Ботканди Ӯзбекистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон амалӣ мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста