Пайвандону наздикони Давлатқадам Давлатқадамов, ки дар ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе ба ҷанҷолу муноқиша пардохт, аз он дар ташваишанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳқири ӯ оғоз кардаанд. Бародари хурдии ӯ Шамс мегӯяд, Давлатқадам бемории рӯҳӣ дорад.
Ба гуфтаи ӯ, Давлатқадам 25-сола буда, дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Дар Душанбе дар давраҳои омӯзишии касби халабонӣ (лётчикӣ) дар ДОСААФ таҳсил карда, сипас соли 2013 юа Омӯзишгоҳи касбии ҳавоӣ-техникии Омск дохил мешавад.
«Барои таҳсил дар курсҳои болоӣ барои ӯ шаҳрвандии Русия лозим буд. Шаҳрвандӣ надошт ва дохил шуда натавонист. Ин шояд ба вазъи равонии ӯ таъсир карда бошад. Ду ҳафта пеш ба мо дар бораи бемориаш хабар доданд. Бо шиносҳо гапзанон кардем, ки Давлатқадамро ба Душанбе назди оила фиристанд. Эҳтимол вақти парвоз беморӣ хурӯҷ карда, чунин ҳодиса рух додааст», - иброз дошт Шамс.
Аз ин рӯ, пайвандону наздикони Давлатқадам ба ҳама бо дархости таҳқир накардани ӯ муроҷиат менамоянд. «Дархост дорем, ки одамон ӯро масхараву таҳқир накунанд. Модарам гиря дорад», - гуфт Шамс, вале дар посух додан ба савол дар бораи маҳз ба кадом беморӣ гирифтор будани бародараш душворӣ кашид.
Айни замон нисбати Давлатқадам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора «Интерфакс» бо истинод ба намояндаи Раёсати байниминтақавӣ дар нақлиёти Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав хабар медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста