Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҳудуди 1 кило героинро дар Душанбе мусодира намуданд. Ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ду нафар боздошт шуданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, як гурӯҳи гумонбар ба фурӯши маводи нашъаовар муддати дароз дар коркарди Агентӣ қарор доштанд, ки интиқоли онро аз ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба шаҳри Душанбе ва ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монда буданд.
“Ҳафтаи сипаригардида ҳангоми амалӣ намудани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди маҳалаи 102-юми шаҳри Душанбе сокинон Саъдиҷон Сурхов ва Рустамҷон Мирзоев бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дастгир гардиданд”, - омадааст дар маълумоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршудагон як селофан, ки дар дохилаш як баста маводи зардчатоби буйи махсусдошта мавҷуд буд дарёфт ва гирифта шуд. Ташхис муайян кард, ки ин маводи героин ва вазнаш ҳудуди 1 килоро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур бо моддаи 200 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи ин гурӯҳ, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста