Сарраёсати тафтишоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи муфаттиши Раёсати ВКД дар шаҳри Кӯлоб капитан Саидмумин Ҳалимовро, ки ба марги навраси 15-сола дар натиҷаи бо автомашинааш пахш кардан айбдор дониста мешавад, ба баррасии такрорӣ фиристод. Ин ҳодиса моҳи феврал дар терминали муофирбари Кӯлоб – Восеъ рух дода буд.
Наздикони Фирдавс Ҳалимов, навраси фавтида ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба бозпурсии такрорӣ ба шаҳри Бохтар даъват шудаанд.
“Огоҳ карданд, ки ба баррасии такрории парванда акнун на прокуратураи шаҳри Кӯлоб ва на прокуратураи минтақаи Кӯлоб, балки прокуратураи вилоят дар шаҳри Бохтар машғул мешавад”, - гуфтанд онҳо.
Дар прокуратураи вилояти Хатлон маълумот дар бораи бозбинии парвандаи мазкурро тасдиқ намуда, лекин саҳеҳ нагуфтанд, ки ба баррасии парванда прокуратураи вилоят машғул мешавад ё Раёсати тафтишоти Прокуратураи генералӣ.
Ёдрас мекунем, ки шаби 13 феврали соли равон навраси 15-солаи сокини шаҳри Кӯлоб Фирдавс Ҳалимов , ки аз роҳ мегузашт, зери чархи автомашинаи муфаттиши Раёсати ВКД шаҳри Кӯлоб Саидмумин Исломов монда, ба ҳалокат расид.
Дар прокуратураи шаҳр он замон дарҳол изҳор намуда буданд, ки тафтиши парванда махфӣ сурат мегирад. Ба ақидаи аҳли ҷомеаи маҳаллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Кӯлоб бо ҳар роҳу восита тафтиши ин парвандаро ба дарозо кашиданӣ мехостанд. Аҳолии маҳаллӣ бар ин назар буд, ки бо ин роҳ мехостанд дар ниҳояти кор ин воқеа фаромӯш шуда, айбдоршаванда аз ҷазо халосӣ ёбад. Ба қавли наздикони навраси фавтида, худи Исломов баъди чанд рӯзи ҳодиса назди волидони ӯ омада, дархост намудааст, ки аз шикояташон даст кашанд.
Моҳи июли соли равон мақомоти прокуратураи шаҳри Кӯлоб капитани Раёсати ВКД Кӯлоб Саидмумин Исломовро бегуноҳ эътироф намуд.
Прокурори шаҳри Кӯлоб Раҳмоналӣ Имомзода зимни нишасти хабарии санаи 20 июл дар ин робита изҳор намуда буд, ки бегуноҳии Исломов бо натиҷаҳои ду ташхиси автотехникӣ тасдиқ шудааст.
“Ташхис нишон дод, ки Исломов ба пешгирии садама имкон надошт. Ду ташхиси маркази ташхиси автотехникӣ ва комиссияи ҷумҳуриявӣ ба чунин хуслоа расиданд”, - изҳор дошт прокурори шаҳр ва илова намуд, ки Исломов аз кор барканор шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста