Суди шаҳри Душанбе Бобоҷон Шириновро, ки тобистони ҳамин сол собиқ ҳамсари худ Моҳира Ятимоваро бераҳмона кушта буд, ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди шаҳри Душанбе дар ин робита хабар дод, ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, шикоят бурдан аз болои он имкон дорад.
Қобили зикр аст, ки қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ба Бобоҷон Ширинов таъини ҷазои 20 соли зиндонро дархост намуда буд.
Дар ҳамин ҳол, волидони зани ҳалокшуда - модари ду фарзанд аз ҳукми суд каноатманд шудаанд, хабар доданд сарчашмаҳо наздик ба онҳо.
Зимни сухани охирини худ дар мурорфиа Ширинов аз суд дархост намуда буд, ки дар ҳолати бехудона (аффект) содир кардани ҷиноят ба инобат гирифта шавад.
Дар ҷараёни тафтишот айбдоршаванда пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, лекин дар мурофиаи судӣ бо ишораи аз хотир баровардани баъзе ҳолатҳо, худро қисман гунаҳкор шуморид, ҳарчанд ташхиси пеш аз суд ӯро пурра солим дониста буд.
Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, моҳи июн ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш боздошт шуд.
Шоми рӯзи 6 июн зимни муноқиаши рухдода ӯ ба ҳамсараш дарафтода, бо корд ба ӯ чанд зарба зад. Дар натиҷа ҳамсараш Моҳира Ятимова ҷароҳат бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид. Сабаби муноқиша байни ҳамсарони соли 2016 аз ҳамдигар ҷудошуда тақсими амвол ва кӯдакон унвон мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста